Корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз ҷониби КДАМ боздошт гардид

Август 20, 2020 20:11

ДУШАНБЕ, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ, 19-уми август аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Баротзода Сайфиддин Барот, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст, дастгир гардид.

«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Баротзода С.Б. бо моддаи 247, қ.4, банди «Б»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад», — илова намуд манбаъ.

Август 20, 2020 20:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд