Татбиқи лоиҳаи дуюми кумакпулии ҳармоҳа ба ятимон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон шуруъ гардид

Август 4, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба 643 нафар кўдакони ятим кумакпулӣ таъйин карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии ҷамъияти мазкур хабар доданд.

Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ (аз рӯи қурби асъори миллӣ ба санаи 3 августи соли 2020 505,24 (панҷсаду панҷ сомониву бисту чор дирам) муқаррар карда шудааст.

«Тибқи созишномаи байни ҷонибҳо баимзорасида 643 нафар кўдакони ятими шаҳри Душанбе, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд,  бо  назардошти  шароити моддии онҳо ба ин  лоиҳа фаро гирифта шуданд.  Маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад», — иброз доштанд масъулини лоиҳа.

Мавриди ёдоварист, ки аз моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст. Дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА (1 доллари ИМА — 10.3112 сомонӣ барои 04.08.2020) пешбинӣ карда шудааст.

Дар маҷмўъ тибқи лоиҳаҳои дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба сарпарастии ятимон амалкунанда нисбат ба 1143 нафар ятимон кумакпулии ҳармоҳа пешбинӣ гардидааст.

«Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кўшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат саҳмгузор бошад», — таъкид намуд манбаъ.

Август 4, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад