Кумитаи кор бо занон ва оила ба зарардидагони ноҳияи Хуросон кумак намуд

Август 4, 2020 16:22

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша ба 67 нафар аъзои оилаҳои зарардида дар ноҳияи Хуросон маводи хӯрокӣ, аз қабили орду равған, биринҷ, макарону шакар ва либосу пойафзолҳои занонаю кӯдакона кумак намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар партави ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Кумитаи мазкур  оилаҳои зарардидаи деҳаи Н. Асадуллоеви Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросонро, ки 14-16 майи соли равон аз офати табиӣ зарар дида буданд, аёдат намуда,  бо  онҳо суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ перомуни ғамхориҳои беназиру адолатпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии шаҳрвандону оилаҳои  ниёзманд, инчунин пешгирии вайроншавии оилаҳо ва никоҳҳои хешутаборӣ, зарурати муоинаи пешазникоҳии издивоҷкунандагон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, роҳ надодан ба гароиши ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии бемории сироятии каронавирус сухан рафта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мазкур бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта фаъолона талош намоянд.

Иброз карда шуд, ки ҳукумати мамлакат пуштибони ҳар узви оила ва ҷомеа буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сокинони осебдидаи Ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гарданд.

Август 4, 2020 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид