Маҳмадтоҳир Зокирзода бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Август 14, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  14 август дар шаҳри  Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарлумонии ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар тасдиқу татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Аснои мулоқот таъкид карда шуд, ки пояи қарордодӣ — ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд. Миёни ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудаанд.

Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон буда, ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ ҳамкории худро ҷоннок намоянд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.

«Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ва барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёранд»,- иброз дошт Маҳмадтоҳир Зокирзода.

Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Август 14, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид