Махфират Хидирзода: «Баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст»

Август 27, 2020 08:27

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. КМИР дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия барои омода намудани коршиносони масоили интихоботӣ курси омӯзишӣ ташкил  намуд, ки онро  25 нафар  аз ҳисоби олимони соҳаи ҳуқуқу сиёсатшиносӣ ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо гузаштанд. Ин коршиносон дар раванди интихобот барои пешбурди кор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ кумак хоҳанд намуд. Ҳамин гуна курсҳои омодасозӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ  ташкил карда шуда, зиёда аз 120 нафар коршиносони маҳаллӣ ҳам омода карда шудаанд. Чунин изҳор дошт узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА  зимни суҳбат бо  хабарниргори АМИТ «Ховар» София ШОИК оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон доир мегардад.

АМИТ «Ховар»: — Моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онро дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат каме шарҳ медодед.

Махфират Хидирзода: — Таҷриба нишон медиҳад, ки марҳилаи соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон бо ташаккули муносибатҳои комилан нави ҷамъиятию сиёсӣ, низоми нави арзишӣ, ки устувории рушди давлатдории миллиро таъмин мекунад, фарқ мекунад. Дар робита ба ин  бояд зикр намуд, ки институти президентӣ ҳамчун ниҳоди идоракунии ҷомеа дар асоси интихобот таъсис меёбад. Интихоботи президентӣ дар фарҳанги давлатдории мо мақоми махсуси худро соҳиб буда, он дар доираи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ  дар бораи интихобот баргузор карда мешавад.

Маълум аст, ки интихобот ба сифати механизми таъмини мардумсолорӣ ва эътирофи ҳалқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимиятва рушди демократия дар мамлакат мебошад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ  танзим карда мешавад. Бо мақсади танзими қонунии ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон  заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавҷуд буда, он имконият медиҳад, ки маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

АМИТ «Ховар»: — КМИР  баъди такмили сохтор дар соли 2019  имсол аллакай дуюмин интихоботро доир менамояд. Метавон гуфт, ки ҳайати нави Комиссия аллакай дар ин самт таҷрибаи муайян пайдо кардааст?  

 Махфират Хидирзода: — Беле, албатта. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузорнамудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, баъди таъйини интихобот Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи он баргузории ҳама марҳилаҳои интихобот муайян карда шудаанд. Ҳамчунин дар самти тақвияти фаъолияти машваратию дастурдиҳӣ нашри Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ба роҳ монда, зиёда аз 20 дастурамал, роҳнамо ва тартиб оид ба масъалаҳои гуногуни раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда, ба комиссияҳои поёнии интихобот ва дигар субъектҳои раванди интихобот дастрас намуд.

Бо мақсади фаъолгардонии нақши ҷавонону занон ҳамчун сегменти фаъоли электорат нақшаҳои кори муштарак бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихобот аз ҷониби КМИР «Дастурамал барои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид.  Тибқи он вазифаҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд мушаххас карда шудаанд.Ҳамчунин «Нақшаи чорабиниҳои КМИР оид ба таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳамкории самарабахши комиссияҳои интихоботӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди интихоботи президентӣ Комиссия «Дастур оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст.

Ҷиҳати  таъмин намудани  шаффофият дар раванди ташкил ва баргузор намудани интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз платформаҳои нави иттилоотӣ ва усулҳои ҷадиди ҳамкорӣ бо ВАО истифода намуда истодааст. Бо ин мақсад Маркази матбуотии муваққатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ҷиҳати истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи Комиссияи марказӣ фаъол гардонида шуда, дар он иттилооти зарурӣ оид ба фаъолияти Комиссия ва умуман раванди интихобот сари вақт ҷой дода мешаванд.

Замимаи мобилии «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-2020» коркард карда шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он хусусияти иттилоотӣ дорад.

Робитаи мутақобилаи электронӣ дар масъалаи табодули иттилоот бо комиссияҳои ҳавзавӣ ба роҳ монда шудааст. Нақшаи муштараки корӣ бо Академияи ВАО оид ба гузаронидани семинарии омӯзишӣ таҳия ва амалӣ гашта, дар он масъалаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар давраи интихобот ва фаъолияти якҷоя оид ба инъикоси раванди интихобот баррасӣ гардиданд.

Бо қарори КМИР аз 7 августи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуда, санаи 10 август комиссияҳои ҳавзавии интихобот таъсис дода шуданд. Ҳамчунин бо қарори комиссияи марказӣ дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.

АМИТ «Ховар»: — Комиссия баҳри баланд  бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии интихобкунандагон, ки он дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад, чӣ корҳоро ба анҷом расониданист?

Махфират Хидирзода: —  Дарвоқеъ, фарҳанги ҳуқуқию сиёсии интихобкунанда яке аз омилҳои муҳим дар ташкилу баргузор намудани интихоботи президентӣ мебошад.

Интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ қувваҳои гуногунро баҳри ба даст овардани қудрат ба майдони мубориза мебарорад. Довари ин мубориза шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, ки тавассути баҳодиҳӣ ба фаъолият, маҳорат, таҷриба ва имконияту қудрати сиёсии субъектҳои интихобот нисбат ба  онҳо қарор қабул мекунанд ва масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳоро ба сифати қувваи амаликунандаи ҳокимияти сиёсӣ ҳал мекунанд.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки сатҳи камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро дар ин раванд таҷассум менамояд, рафтори сиёсии шаҳрвандон мебошад. Ҳар як интихобот имконияти бардоштани сабақи таърихию сиёсӣ барои ҳамаи иштирокчиёни он мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот ягона сарчашмаи ҳокимият ба шуморрафта,  аз иродаи онҳо тақдири номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва умуман давлати Тоҷикистон вобаста мебошад.

Шакли рафтори сиёсии интихобкунандагон ифодакунандаи сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии дар ҷомеа ташаккул ёфта ба шумор меравад. Назоратчиён ду шакли рафтори сиёсиро ҷудо мекунанд, ки яке шакли фаъоли иштироки сиёсӣ ва дигаре нигилизми сиёсӣ буда, ифодакунандаи мавқеи ғайрифаъоли субъекти сиёсат ҷиҳати иштироки ӯ дар равандҳои сиёсӣ мебошад.

Аз ин рӯ, принсипҳои умумии интихоботӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ мебошанд, тақозо менамоянд, ки озодӣ ва ихтиёрии интихоб барои ҳар як шаҳрванд таъмин карда шавад. Эҳтироми ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд низ ҷузъи таркибии фарҳанги интихобот ба шумор меравад.

Бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нақшаи баргузории семинарҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон, кормандони вазорату идораҳо, донишҷуёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, шахсони имконияташон маҳдуд  дар якчанд марҳила таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки ба онҳо аъзои КМИР, олимони соҳаҳои сиёсатшиносию ҳуқуқ, коршиносон ҷалб мешаванд.

АМИТ «Ховар»: — Маълум аст, ки дар ҷумҳурии  мо дар замони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккул ва рушди низоми миллии қонунгузории интихобот тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Вобаста ба ин мехостам дар бораи тағйиротҳои ба қонунгузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон воридшуда  суҳбат кунем.

Махфират Хидирзода: —  Дарҳақиқат  дар марҳилаи панҷсолаи байни интихоботи парлумонӣ ва марҳилаи ҳафтсолаи интихоботи президентӣ қонунгузории интихоботӣ ба таври назаррас такмил ёфта, он пеш аз ҳама ба Конститутсия ва талаботи ҷомеа мутобиқ карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дорои як қатор хусусиятҳои хоси худ мебошад.  Ҳамчунин, таҷрибаи мавҷудаи мушоҳидаи интихобот ва пешниҳоди тавсияҳо низ ба инобат гирифта шуда, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории миллӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида вобаста ба синни интихоб шудан, фаъолияти мақомоти ваколатдори баргузоркунандаи интихобот, тартиби иштироки мушоҳидони миллию байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои муҳимми қонунгузории интихоботӣ ҷиҳати демократию ошкоро баргузор намудани маъракаи интихобот мусоидат менамоянд.

Тағйирпазирии қонунгузории интихобот дар Тоҷикистон нишонаи он аст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт пайваста такмил ёфта, механизмҳои муосири таъминкунандаи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар амал татбиқ шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»:  — Аз интихоботи дарпешистода чӣ умедворӣ доред?

Махфират Хидирзода: — Умед дорам, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи фарҳанги баланди сиёсию ҳуқуқӣ баргузор шуда, баҳри тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизи мо мусоидати комил менамояд. Умедворам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ки  маърифат ва фарҳанги баланди  ҳуқуқӣ доранд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз фаъолона ширкат меварзанд.

Август 27, 2020 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»