МАКТАБҲО ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ. Вазорати маориф ва илм тартиби баргузории дарсҳо дар муассисаҳои таълимиро ба тасвиб расонд

Август 10, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 17 августи соли равон  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш (Дарси сулҳ, Дарси аввал) гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат  дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон фаҳмонида  мешавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  барои  омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба ин аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 июли соли равон ба тасвиб расид.

Тибқи тартиби мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тавсия дода мешавад, ки кӯдаконро аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳо қабул намуда, барои дохили бинои муассиса шудани падару модар ва шахсони бегона қатъиян роҳ дода нашавад. Кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳо ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаронида шаванд.

«Падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон, то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад», — омадааст дар тартиби қабулгардида.

Тибқи муқаррароти ин тартиб, кӯдакони 7-сола (онҳое, ки аз ибтидои соли таҳсил ба синфи 1 мераванд) бо риояи талаботи тавсиявии Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба омодагии пеш аз мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 17.08. то 31.08.2020 фаро гирифта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби навбатдор ва ё шахси масъул ҳарорати хонандагон санҷида шуда,  маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани таби баланд аз ҷониби корманди тибби муассиса, роҳбари синф ва ё маъмурият падару модари хонанда даъват ва тадбирандешӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб) таъмин карда шаванд. Хонандагон ва кормандоне, ки аломатҳои беморӣ доранд (таби баланд, сулфа, душвории нафаскашӣ), муайян ва аз дигарон ҷудо карда шуда, дар бораи ин гуна ҳолатҳо ба муассисаҳои тиббӣ хабар дода мешавад.

Бояд гуфт, ки хонандагон бояд дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман ба ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд. Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат дӯхтани ниқобҳои  муҳофизатӣ тавсия дода мешавад.

Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда мешаванд (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст).

Барои давомнокии дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар ин тартиб 3 тавсия мешниҳод карда шудааст. Тибқи тавсияи аввал, давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, то соати 17:55 давом мекунад.

Мутобиқи тавсияи дуюм, машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз шуда, соати 10:55 ба анҷом мерасанд. Басти дуюм соати 11:10 оғоз гардида, соати 14:05 ба анҷом мерасад. Басти сеюм соати 14:20 оғоз гардида, соати 17:15 ба анҷом мерасад.

Аз рӯйи нишондоди тавсияи сеюм машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз шуда, соати 11:25 ба анҷом мерасанд. Басти дуюм соати 11:35 оғоз гардида, соати 15:00 ба анҷом мерасад. Басти сеюм соати 15:10 оғоз гардида, соати 18:35 ба анҷом мерасад.

Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар 3 баст ташкил карда мешаванд. Дар басти якум синфҳои 1, 9, 10 ва 11, дар  бастҳои дуюм ва сеюм синфҳо вобаста ба шароити ҳар муассиса ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо бо назардошти дар ду гурӯҳ ва дар як соати дарсӣ омӯхтани ду фанни таълимӣ (25 дақиқа дар зергурӯҳи якум як фанни таълимӣ, ҳамзамон дар зергурӯҳи дуюм фанни дигари таълимӣ) ташкил гардида, бо анҷоми вақти муқарраршуда омӯзгорон дар зергурӯҳҳо иваз мешаванд.

Дар як соати дарсӣ 2 фанни таълимӣ 25 дақиқа аз як фан дар зергурӯҳи якум ва 25 дақиқа аз фанни дигар дар зергурӯҳи дуюм таълим дода шуда, аз он 2 дақиқа ба қисми ташкилии дарс, 15 дақиқа барои баёни мавзӯи нав, 5 дақиқа барои мустаҳкамкунӣ ва 3 дақиқа барои супориши вазифаи хонагӣ ва шарҳи он ҷудо карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки ғунҷоиши хонандагон ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ мувофиқат мекунанд (муассисаҳои таълимии камнуфус, хусусӣ, литсей ва гимназияҳо), дарсҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳолати зарурат дарсҳо тавассути платформаи Мактаб-мобайл, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Онлайн ва Офлайн ва дарсҳои радиову телевизионӣ дар чорякҳои якум ва дуюм ба роҳ монда мешаванд.

Шакли пурраи «Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз ин нишонӣ метавонед дастрас намоед: http://www.maorif.tj/ahborot/tartibi-omodag-va-barguzorii-rzi-donish-va-darsi-sul.

АКСҲО аз бойгонӣ  

 

Август 10, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»