Михаил Мишустин: Давлат тақсимоти ваксинаи зидди коронавирусро танзим хоҳад кард

Август 17, 2020 08:46

ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин қарореро имзо намуд, ки тибқи он нахустин ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Россия ба қайд гирифта шудааст, ба рӯйхати воситаҳои аз тарафи давлат тақсимшаванда шомил ва аз камбуди он ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 16 август хадамоти матбуоти ҳукумати Россия хабар дод.

«Нахустин ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Россия ба қайд гирифта шудааст, бо қарори Раиси Ҳукумат Михаил Мишустин ба феҳристи дорувориҳо, ки тақсимоти онҳоро давлат танзим мекунад, дохил карда шудааст», — гуфта мешавад дар хабар.

Илова бар ин, таъкид мешавад, ки ин иқдом имкон медиҳад ба камбуди ин ваксина роҳ дода нашавад ва ирсоли он ба  минтақаҳои Россия назорат  карда шавад.

Тартиби муваққатии тақсимоти доруҳо барои пешгирӣ ва табобати коронавирус аввали моҳи июн қабул карда шуд ва то охири сол амал мекунад. Мутобиқи ин қоидаҳо, доруҳои зарурӣ ба рӯйхати махсус, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ назорат карда мешавад, дохил карда мешаванд. Ҳар ҳафта истеҳсолкунандагони Россия ва инчунин ширкатҳои воридкунандаи дорувориҳои шомили рӯйхат муваззафанд, ки  нақшаи тақсимоти дорувориҳоро бо замимаи дархостҳои  минтақаҳо ирсол намоянд.

Дар дархостҳо бояд унвони доруҳо, шакли барориши онҳо, маълумот дар бораи ташкилоти тиббӣ, ки ба онҳо ирсоли ин дору пешбинӣ шудааст, инчунин маълумот дар бораи шумораи беморони дорои ташхиси тасдиқшудаи COVID-19, ки барои онҳо доруҳо харида мешаванд, дарҷ шаванд.

Илова ба ваксинаи нав, ба рӯйхат боз шаш доруи дигар илова шудаанд. Инҳо дексаметазон, канакинумаб, олокизумаб, барицитиниб, тофаситиниб, левилимаб мебошанд.

Россия дар ҷаҳон аввалин шуда, 11 август ваксинаи зидди коронавирусро ба қайд гирифт, ки онро «Спутник V» номгузорӣ намуданд. Ин доруворӣ дар Маркази миллии таҳқиқотии  эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея коркард  ва аз озмоишҳои клиникӣ гузаштааст.

Август 17, 2020 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд