МУБОРАК БОД! Шоири тоҷик Карим Ҳайдар бо медали «Сергей Есенин»-и Россия сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи нависандагони Россия шоири тоҷик, мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон» Карим Ҳайдарро бо медали «Сергей Есенин» сарфароз гардонид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Мукофот аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия ба ифтихори 125-солагии зодрӯзи Сергей Есенин тибқи Қонуни федералӣ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» таъсис дода шуда, ҷоизаи давлатиест, ки ба шоирону нависандагон дода мешавад. Ин медал ба номзадҳои ҷоизаи миллии адабии «Русь моя» ва инчунин ба шахсоне, ки дар рушди адабиёти рус саҳми назаррас гузоштаанд, дода мешавад. Медалҳо дар Хонаи марказии нависандагон дар Москва 2 ва 3 октябри соли 2020 дар доираи таҷлили 125-солагии Сергей Есенин супорида мешаванд.
Дар номаи Иттифоқи нависандагони Россия чунин омадааст:
«Дар асоси қарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Россия барои Шумо Шаҳодатномаи ҳуқуқи доштани медал, силсилаи 3120 № 3165 омода карда мешавад».
Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2020 Карим Ҳайдар номзад ба ҷоизаи Сергей Есенин гардид ва ба ӯ ҳуқуқи нашр кардани шеърҳо дар маҷмӯаи асарҳои нависандагони гуногун (алманах)-и адабии «Русь моя» дода шуд.
Илова бар он, Карим Ҳайдар ба ҷоизаи адабии «Наследие» дар соли 2020 пешниҳод шудааст.
Маросими сарфарозгардонии ғолибон охири моҳи ноябр дар Москва баргузор мешавад ва он ба вақти сафари расмии Княгинаи кабир Мария Владимировна ба Россия рост меояд.
Зимни суҳбати телефонӣ бо мухбири АМИТ «Ховар» Карим Ҳайдар чунин гуфт:
«Хабар дар бораи бо медали «Сергей Есенин» мукофотонида шуданам ва ба ҷоизаи адабии Россия «Наследие» пешбарӣ гардиданам, бароям рӯйдоди муҳим дар фаъолияти эҷодӣ, инчунин шодӣ ва ифтихори бузург дар арафаи 60-солагиам буд. Солгард бароям ҷамъбасти натиҷаҳо ва рӯйдодест барои тавсифи нақшаҳо ва самтҳои нави эҷодӣ».
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Карим Ҳайдар ба ҳайси мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор мекунад.
6 январи соли 1961 дар шаҳри бостонии Истаравшани вилояти Суғд, дар оилаи рӯзноманигор ва нависанда Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.
Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуровро хатм кардааст.
Аз соли 2006 ба ҳайси мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор мекунад.
Ӯ ба забони русӣ шеърҳо, ҳикояҳо, драмаҳо ва очеркҳо менависад, ки баъзеи онҳо дар нашрияҳои даврии ИДМ нашр карда шудаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Голоса предков», «Дыхание любви», «Город за холмом», «Голос народной совести», «Любовь огнепоклонника», «Гиссарская баллада» ва китобҳои публитсистии «Через всю жизнь» ва «Военный комиссар» мебошад.
Муаллифи тарҷумаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забони тоҷикӣ ба русӣ мебошад. Ӯ як қатор асарҳои шоирону нависандагони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Муаллифи барномаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатии «Путь Лидера нации», «Адам поэтов», «Вдохновение», «Роберт Рождественский», «Тимур Зульфикаров», «Михаил Синельников — поэт и переводчик», «Таджикский Штирлиц», «Панорама», «Цветник дружбы» ва ғайраҳо мебошад.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Соли 2017 бо медали Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» мукофотонида шудааст.
Соли 2018 бо ордени Россия «Достоевский, дараҷаи I» сарфароз гардидааст.
Ӯ муаллифи матни суруди (гимни) Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мебошад.










«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






