Муъминобод: Сокинони деҳаи Ғофилобод бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

Август 4, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» 60 оилаи деҳаи Ғофилободи Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод  бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Корҳо дар ин самт ба тариқи ҳашар бо маром идома дошта, рӯзҳои наздик ба итмом хоҳанд расид.

Бояд гуфт, ки соли равон барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани  деҳоти ҷумҳурӣ ба корхонаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ дар деҳоти Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагони деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 6 миллиону 300 м3 об интиқол дода шуд.

Август 4, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад