Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Хуросон бо мардуми аз офатии табиӣ зарардида мулоқот намуд

Август 10, 2020 18:01

ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода 9 август бо ҳамроҳии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон рафта, бо мардуми аз офати табиӣ зарардида дидору мулоқот анҷом дод. 

Ширин Исматуллозода бо ҳайати ҳамроҳонаш ба манзили зисти Раҷабалӣ Ғуломов рафта, бо вазъи зиндагии ин оила шинос шуд.

Раҷабалӣ Ғуломов изҳор дошт, ки баъди зери лой мондани манзилаш Ҳукумати ҷумҳурӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони манзили зисташ дар мавзеи бехавф ёрӣ расонданд. «Ман аз номи аҳли оила ва аҳли деҳа ба Ҷаноби Олӣ барои ғамхорию дастгириашон изҳори сипос мекунам, ки дар чунин рӯзҳои вазнинамон дар фикри мо буданд. Ин ғамхории онҳо буд, ки мо дар як мудати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои барҳаво гардидем», — иброз дошт Р. Ғуломов.

Муовини Сарвазири мамлакат дар ин сафар ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бунгоҳи тиббӣ дидан намуда, бо масъулин мулоқот анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки то 9 август аллакай дар 53 хона мардум зиндагӣ дошта, аксари дигари хонаҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Сафари кории муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома ёфт. Дар ин ноҳия Ширин Исматуллозода аз шуъбаи бемориҳои сил, шуъбаи кӯдаконаи

Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, бо беморон ва ҳайати кормандони беморхона, раисони ҷамоатҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ суҳбат орост.

Дар ноҳияи Ёвон муовини Сарвазири мамлакат аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд ва чанд шуъбаҳои дигари муассисаҳои тандурустӣ дидан намуда, бо беморон ва кормандони соҳаи тиб мулоқот намуд.

Акс аз бойгонӣ

Август 10, 2020 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон