Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми дипломатҳои ҷавони кишварҳои СҲИ ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2020 дипломатҳои ҷавони кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бори аввал ҳамоиши худро дар шакли онлайнии дар заминаи фазои интеллектуалии кории «100% Тотористон» баргузор мекунанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дар ин бора раиси Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати корҳои хориҷии Россия Константин Колпаков ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст.
«Дар доираи ин лоиҳа («100% Тотористон» — шарҳи ТАСС) мо форуми навбатии дипломатҳои ҷавони кишварҳои СҲИ-ро баргузор менамоем ва бори нахуст он дар шакли онлайн сурат хоҳад гирифт. Иштироки худро дар он ҳамкорони мо аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Алҷазоир, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар ҳамкасбон тасдиқ кардаанд. Муҳокимаи пленарӣ зери унвони «Ҳамкории байналмилалии минтақаҳои Россия бо кишварҳои СҲИ» баргузор мешавад. Ин ҳам барои дипломатҳои ҷавони касбии мо ва ҳам барои касоне, ки алоқаманди рӯзномаи байналмилалӣ мебошанд бисёр ҷолиб ва муфид хоҳад буд», — гуфт ӯ.
Мақомоти Тотористон дар рӯзи таҷлили садсолагии ҷумҳурӣ, дар шакли онлайн фазои интеллектуалии тиҷоратӣ ва платформаи коммуникатсиониро барои ҳамкорӣ бо шарикон ва коршиносони «100% Тотористон» ифтитоҳ менамоянд. Аз 30 август то 10 сентябр дар платформа гузаронидани баҳсҳои панелӣ, дарсҳои маҳорат ва маърӯзаҳо оид ба соҳаҳое, ки ҷумҳурӣ дар онҳо муваффақият ба даст овардааст ва таҷрибаи муваффақ дорад, ба нақша гирифта шудааст. Барномаи форум зиёда аз 300 ҷаласаро дар 21 самт, аз ҷумла индустрияи IT, маориф, тиб, кишоварзӣ, сайёҳӣ, иқтисоди даврӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, биотехнология ва ғайра дар бар мегирад. Дар доираи чорабинӣ муоширати сатҳи баланд ва мусоҳибаҳо бо коршиносон дар шакли онлайн сурат хоҳанд гирифт.
Агентии иттилоотии ТАСС ҳамчун шарики генралии фазои интеллектуалии тиҷоратии «100% Тотористон» баромад мекунад.
Соли 2019 Форуми дипломатҳои ҷавони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар заминаи Ҳамоиши XI байналмилалии иқтисодии «Россия — Ҷаҳони Ислом: KazanSummit» доир гардид. Ташкилкунандаи ин чорабинӣ, ки дар он 35 нафар иштирокчӣ аз 21 кишвар ҷамъ омада буданд, Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати корҳои хориҷии Россия буд.
АКС аз бойгонӣ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






