Нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст
ДУШАНБЕ, 01.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон 33 нафар корманди ин мақомот ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, се нафар сарзаниш, 6 нафар танбеҳ, 18 нафар танбеҳи қатъӣ гирифта, инчунин шаш нафар аз кор дар мақомоти гумрук рухсат шуданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар ин давра се парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук оғоз карда шуд.
Аз ин ду ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор гардида, барои тафтиш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.
Сабабҳои ба ҷиноят даст задани бархе аз кормандони мақомоти гумруки мамлакатро Хуршед Каримзода ба сохтакории ҳуҷҷатҳо, мусоидат ба қочоқи мол, иваз кардани ҳуҷҷатҳои молҳои воридотии арзон ба молҳои гаронарзиш ва саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар мақомоти гумрук барои ошкор кардани қонуншиканиҳо пайваста мубориза бурда мешавад.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






