Ғолибони бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии марказии давр муддаиёни медалҳои тиллои чемпионат – дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ байни ҳам вохӯрданд, вале ғолиб муайян нагардид – 0:0. Ин мусовиро истифода бурда, дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе, ки дар шаҳри Турсунзода бар дастаи маҳаллии «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард, дар ҷадвали мусобиқа бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар наздик шуд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Панҷшер» ва «Бешкент» низ бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом ёфт.
Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи «Чашма»-и Шаҳритус бар «Барқ»-и шаҳри Норак бо ҳисоби 1:0 ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. То анҷоми мавсими имсола дар чемпионат се даври дигар боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ — 2 сентябр дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Бешкент»-и Носири Хусрав, «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо «Барқ»-и шаҳри Норак байни ҳам бозӣ мекунанд.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 10-ум
«Хатлон» – «Равшан» – 9:0
«Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 14:0
«Панҷшер» – «Зебо» – 0:13
«Бешкент» – «Чашма» – 12:0
«Зебонисо» – «Ҳосилот» – 14:0
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 11-ум
«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:16
«Чашма» – «Зебонисо» – 0:18
«Зебо» – «Бешкент» – 5:1
«Барқ» – «Панҷшер» – 0:6
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 12-ум
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0
«Панҷшер» – «Равшан» – 1:2
«Бешкент» – «Барқ» – 6:0
«Зебонисо» – «Зебо» – 1:1
«Ҳосилот» – «Чашма» – 2:1
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 13-ум
«Чашма» – «Хатлон» – 0:18
«Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0
«Барқ» – «Зебонисо» – 0:15
«Равшан» – «Панҷшер» – 0:3
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 14-ум
«Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0
«Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3
«Зебонисо» – «Равшан» – 16:0
«Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0
«Чашма» – «Зебо» – 0:20
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 15-ум
«Зебо» – «Хатлон» – 0:0
«Барқ» – «Чашма» – 0:1
«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1
«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6
«Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ТТ | Х | |
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 15 | 13 | 2 | 0 | 119-5 | 41 |
| 2 | «Зебонисо» (Душанбе) | 15 | 13 | 1 | 1 | 154-3 | 40 |
| 3 | «Зебо»(Дӯстӣ) | 15 | 11 | 3 | 1 | 109-10 | 36 |
| 4 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 15 | 8 | 2 | 5 | 61-21 | 26 |
| 5 | «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода) | 14 | 8 | 1 | 5 | 59-18 | 25 |
| 6 | «Барқ» (Норак) | 15 | 3 | 2 | 10 | 7-88 | 11 |
| 7 | «Ҳосилот» (Фархор) | 15 | 3 | 2 | 10 | 8-100 | 11 |
| 8 | «Равшан» (Кӯлоб) | 15 | 3 | 0 | 12 | 5-76 | 9 |
| 9 | «Чашма» (Шаҳритус) | 15 | 3 | 0 | 12 | 10-132 | 9 |
| 10 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 14 | 1 | 3 | 10 | 15-100 | 6 |
Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 гол, Мадина Фозилова («Зебонисо»/«Зебо») – 58 гол, Рафина Нурмуродова («Бешкент») – 44 гол, Шукронаи Ҷумахон («Зебонисо»/«Зебо») – 32 гол, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 28 гол ва Некубахт Худододова («Зебонисо») – 22 гол.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
Даври 16-ум
2 сентябр
«Хатлон» – «Бешкент»
«Зебонисо» – «Панҷшер»
«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»
«Чашма» – «Равшан»
«Зебо» – «Барқ»








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






