Ғолибони озмуни «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» дар вилояти Суғд муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Таҷрапт» тайи ду ҳафта миёни 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии пилотии вилоят — Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич озмуни «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» доир гардид. Озмуни мазкур дар доираи ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) роҳандозӣ шуда, дар он аз 54 лоиҳаи пешниҳодӣ 4 лоиҳа беҳтарин ҳисобида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
-Дастаи навоварони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо лоиҳаи навсозии гармхона мақоми авввал, навоварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо пешниҳоди лоиҳаи мақсаднок истифода бурдани партовҳо ҷойи дуюм, дастаи навоварони шаҳри Исфара бо лоиҳаи омода намудани маҳлулҳои зиддисироятӣ ва муҳассилини ноҳияи Деваштич бо лоиҳаи дӯхти ниқобҳои ҳимоятӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд,- гуфт манбаъ.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдусабур Абдуваҳҳобов, сарвари Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашӯрматов, ҳамоҳангсози барнома Заррина Султонова иштирок намуда, роҳандозии чунин лоиҳаро қадаме ба пеш дар роҳи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд.
Зикр шуд, ки иқдоми мазкур барои ташаккули тафаккури техникӣ, рӯ ба навоварию майли бештар пайдо намудан ба техникаву технология мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) ба ғолиби ҷойи якум 1500 сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 500 сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим карда шуд.








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






