Пагоҳ бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд. Дар он дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Исфара»-и шаҳри Исфара бо «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ва 2 сентяр дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дар бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар меҳмонӣ дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод ва мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар 11 бозӣ 30 имтиёз гирифта, ғолиби марҳилаи якуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид.
Дастаи «Равшан» дар 10 бозӣ пирӯз шуда, танҳо як бозиро бохтааст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 22 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо ахиран бозиро бо дастаи мизбон – «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ — бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом доданд. Дастаи футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара, ки 18 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб намудааст. Дастаи «Исфара» дар даври ёздаҳум дар меҳмонӣ бар «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Дар ду бозии дигари даври ёздаҳум дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар майдони худ бар «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар меҳмонӣ дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дувоздаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 1-2 сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум
«Исфара» – «Ваҳдат» – 1:3
Голҳо: Ибодулло Шарипов, 14 (1:0). Суҳроб Асоев, 32 (1:1). Самариддин Расулов, 88 (1:2). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 90+4 (1:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Фаромурз Саидов («Ваҳдат»).
«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 3:2
Голҳо: Рустам Назаров, 26 (1:0). Аваз Камчинов, 38 (1:1). Рустам Назаров, 56 (2:1). Абдухалил Боронов, 58 (3:1). Аваз Камчинов, 76 (3:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).
«Эсхата» – «Саройкамар» – 6:3
Голҳо: Рустам Сабуров, 12 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 15 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинджон Муъминов, 22 (3:0). Акмалҷон Авазов, 28 (3:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 34 (4:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 43 (4:2). Рустам Сабуров, 54 (5:2). Иброҳим Муҳтоҷзода, 84 (5:3). Мубинҷон Муъминов, 90+4 (6:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» – 8:0
Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 13 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 15 (2:0). Парвиз Деҳқонов, 21 (3:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (4:0). Азимҷон Мавлонов, 35 (5:0). Бахтиёр Зарипов, 44 (6:0). Зиёвуддин Фузайлов, 70 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 79 (8:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»).
«Ҳосилот» – «Моҳир» – 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Шерзода, 3 (1:0). Далер Умаров, 33 (2:0). Муҳаммадҷон Шерзода, 56 (3:0). Комрон Салимов, 87 (4:0). Исроил Сомон, 90+3 (5:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Ҳосилот»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ» – 4:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 40 (1:0). Наврӯз Рустамов, 50 (2:0). Файзиддин Назаров, 59 (2:1). Зокир Абдулхайров, 60 (3:1). Ҳасан Рустамов, 62 (4:1). Муҳаммадҷон Ризомов, 88 (4:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 11-ум
«Барқчӣ» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:0
Гол: Султоншо Мирзоев, 5.
Беҳтарин бозигари дидор: Султоншо Мирзоев («Барқчӣ»).
«Ҳулбук» – «Эсхата» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).
«Ваҳдат» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Ҳасан Холов, 45+2 (0:1). Шоҳин Ҷалилов, 58 – ба дарвозаи худ (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).
«Шоҳмансур» – «Исфара» – 1:3
Голҳо: Шаҳром Назаралиев, 16 (1:0). Нодирбек Мамиров, 52 (1:1). Нодирбек Мамиров, 55 (1:2). Хусрав Бобоев, 75 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Суҳробҷон Сабуров («Исфара»).
«Моҳир» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:5
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 18 (0:1). Ҳасан Рустамов, 27 (0:2). Баҳровар Ҳалимов, 64 (1:2). Умедҷон Бадалов, 75 (1:3). Зокир Абдулхайров, 90 (1:4). Манучеҳр Хидиров, 90+2 – ба дарвозаи худ (1:5). Шаҳбоз Сафаров, 90+4 (2:5).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).
«Саройкамар» – «Ҳосилот» – 1:3
Голҳо: Акмалҷон Авазов, 45+1 (1:0). Исроили Сомон, 64 (1:1). Исроили Сомон, 68 (1:2). Хайрулло Азизов, 85 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Исроили Сомон («Ҳосилот»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 11 | 10 | 0 | 1 | 46-20 | 30 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 11 | 7 | 1 | 3 | 29-20 | 22 |
| 3 | «Исфара» (Исфара) | 11 | 6 | 0 | 5 | 20-20 | 18 |
| 4 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 11 | 5 | 3 | 3 | 24-14 | 18 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 11 | 5 | 2 | 4 | 21-19 | 17 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 11 | 5 | 1 | 5 | 23-21 | 16 |
| 7 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 11 | 4 | 3 | 4 | 32-25 | 15 |
| 8 | «Саройкамар» (Панҷ) | 11 | 4 | 2 | 5 | 23-26 | 14 |
| 9 | «Моҳир» (Ёвон) | 11 | 4 | 2 | 5 | 25-35 | 14 |
| 10 | «Равшан» (Зафаробод) | 11 | 3 | 4 | 4 | 20-17 | 13 |
| 11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 11 | 3 | 1 | 7 | 21-24 | 10 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 11 | 0 | 1 | 10 | 8-51 | 1 |
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 9 тӯб, Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 8 тӯб, Фирдавс Мусоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат») – 7-тӯбӣ.
Даври 12-ум
1 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Барқчӣ»
«Равшан» (Кӯлоб) – «Моҳир»
«Панҷшер» – «Ваҳдат»
«Исфара» – «Шоҳмансур»
2 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Ҳосилот» – «Саройкамар»
«Эсхата» – «Ҳулбук»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






