Парвизҷон Умарбоев бо «Локомотив» соҳиби Суперҷоми Булғористон шуд!

Август 3, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи «Локомотив»-и Пловдив бозӣ мекунад, Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар бозӣ барои Суперҷом «Локомотив»-и Пловдив бар қаҳрамони Булғористон «Лудогоретс» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Умарбоев дар ҳайати асосии «Локомотив» ба майдон баромада, 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Бояд тазаккур дод, ки ин сеюмин ҷоиза аст, ки Умарбоев дар ҳайати «Локомотив»-и Пловдив соҳиб мешавад. Қаблан футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо дастаи худ Ҷоми Булғористонро ба даст оварда буд.

Дар ҳайати «Локомотив» Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо дар мавсими 2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз соли 2016 инҷониб дар «Локомотив» бозӣ мекунад. Дар муддати чор сол ӯ дар ин даста беш аз 100 бозӣ анҷом додааст.

АКСҲО аз ФФТ

Август 3, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад