Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар суҳбати телефонии сарони ду давлат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дошта, барои густариши бештари он ҳар ду ҷониб тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Табодули афкори судманд, доир ба иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир гардид.
Дар суҳбати телефони ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ, таҳкими иқтидору имконоти ҳимояи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат барои сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва салому паёми самимӣ изҳор доштанд.
Дар навбати худ Раиси ҷумҳурӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд






