Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 266 ҳазор нафар зиёд шуд

Август 12, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 12 август шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми 24 соати охир беш аз 266 ҳазор нафар зиёд шуда, аз 20,5 миллион гузаштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 10 697 832 (+106 903 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 277 нафар зиёд шуда, ба 390 850 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 606 373 сироятёфта ва 217 278 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 21 315 ва фавт — 267 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 691 452 ва қурбониён 54 633 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 58 679 нафар зиёд шуда, 956 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 305 957. Баъдан Бразилия (3 112 393), Ҳиндустон (2 328 405), Россия (897 599), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (566 109), Мексика (492 522), Перу (489 680), Колумбия (410 453), Чили (376 616) ва Испания (373 692) ҷойгиранд.

АКС аз бойгонӣ

Август 12, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон