СУРЪАТ ПИРӮЗӢ МЕОРАД! Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» пешсафи дивизион гардид

Август 29, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 август, дар тамрингоҳи Алабино, ки дар вилояти Москваи Россия воқеъ аст, марҳилаи навбатии мусобиқаи диданибоби «АрМИ-2020» — биатлони танкӣ баргузор шуд. «Номусоидии  ҳаво, ки офтоб ва борон якдигарро иваз менамуданд, табъи тамошобинонро аслан хира накарданд, балки ҷолибияти пойгаи мошинҳои зиреҳпӯшро афзуданд. Дар ин рӯз дастаи Тоҷикистон ба пирӯзии беназир  ноил шуд», — хабар медиҳад Sputnik дар гузориши зерин.

Танкчиён таҳти парчами сурх-сафед-сабз дар пойгаи аввалини худ 26 август чандон муваффақ набуданд — аз ҳамаи рақибони худ бадтар тирандозӣ карданд, вале онҳо, хушбахтона, тирандозии номуваффақро бо суръати баланди ронандагӣ ҷуброн карданд ва бо душворӣ танки Ветнамро гузашта, ба ҷои  дуввуми пойга баромаданд.

Ин дафъа экипаж бо сардории лейтенанти калон Собирҷон Кабутов тасмим гирифт, ки дар пойга ҳатман мақоми аввалро ишғол намояд.

Аз дақиқаҳои аввал низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки онҳо танҳо барои ҷои аввал мубориза мебаранд — Т-72-и онҳо аз аввал монеаи «мор» -ро қариб бенуқсон паси сар карда ва бо тири нахустин  ҳадафи асосӣ — танки душмани шартиро маҳв кард. Мутаассифона, бо ҳамин дар тирандозӣ бахт аз онҳо рӯй гардонид ва тирҳои онҳо ба чор ҳадафи боқимонда нарасиданд.

Аммо, рақибони Тоҷикистон — Конго ва Лаос низ дар тирандозӣ аз онҳо беҳтар набуданд. Танкчиёни Лаос танҳо як ҳадафро маҳв намуданд, дар ҳоле ки низомиёни Конго ҳар се ҳадафро маҳв намуданд, аммо ба молаи кӯҳна, дурусттараш, ба монеаи кӯҳна пой ниҳоданд,  сутунчаҳоро чаппа кардан ва мошини бисёртоннаи худро ба лағжиши идоранашаванда фиристоданд.

Гилу лойи роҳ, ки пас аз борон ба вуҷуд омадааст, пойгаро ҷолибтар мекард — иштирокчиёни пойга аксар вақт мелағжиданд ва машқҳои назоратиро дар ҳалқаҳои ҷаримавӣ давида иҷро мекарданд.

Ҳангоми ба танк бор кардани снарядҳо, экипажҳо бояд эҳтиёт мекарданд, то аз пой наафтанд, эҳтиёткорие, ки хоси дорбозон аст,  на афсарони ҳарбӣ. Ин фаҳмо аст — кӣ мехоҳад снаряди калони  тӯпи азимро биафтонад?

Танкчиёни Мянмар, ҳамаи нокомиҳо ва хатогиҳои дастаи Конгоро мушоҳида карда, тасмим гирифтанд, ки тибқи зарбулмасали русии «Ором равӣ, дуртар меравӣ”  амал намоянд ва аз тамоми монеаҳо бо суръати ҳадди ниҳоӣ  убур намуданд.

Баръакс, Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳама хатарҳои роҳи гилолуд, аз он тавре гузашт, ки гӯё тамоми рӯз ва пештар ҳам тамрин карда бошад. Т-72-и тоҷик аз гузаргоҳи камоби дарё  тавре гузашт, ки каме ба об расид ва аз болои пули борик — монеаи аҷибтарини биатлони танкӣ  парвоз намуда гузашт, мисли он ки зиреҳпӯш ба ҷои муҳаррик турбинаҳои мушакиро насб намуда бошад. Суръати миёнаи танк бо нишонаҳои он — 72 км / соат мувофиқ омад ва аз нишондодҳои ҳамаи иштирокчиёни дигар зиёдтар буд.

Экипаж таваккал мекард, як иштибоҳ кофӣ буд, ки тасмачархи танк парад ва танки «бепойафзол» ҳатман мусобиқаро мебозад. Аммо, механик-ронанда Комрон Холматов маҳорат нишон дод, ягон иштибоҳ накард ва дастаи худро бо ғалабаи итминонбахш таъмин намуд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон дар нимаи рӯз дар байни ҳамаи дувоздаҳ дастаи дивизиони дуюм вақти беҳтарин нишон дод ва сабқатро бо натиҷаи аъло — 28 дақиқа ба анҷом расонид. Ветнам ва Осетияи Ҷанубӣ дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои дуввум ва севумро ишғол намуданд.

Ва агар экипажҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам бо ҳамин рӯҳия баромад намоянд, ин дархости ҷиддӣ барои ба Лигаи олӣ — дивизиони якуми “Биатлони танкӣ”дохил шудан хоҳад буд.

***

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, аз 23 август то 5 сентябр дар доираи Бозиҳои VI байналмилалии артиш «АрМИ-2020» чорабиниҳои озмуни «Биатлони танкӣ» баргузор мешаванд ва бори нуҳум экипажи танкиро, ки дар касбият қавитарин аст, муайян мекунад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Россия, вижагии бозиҳои дарпешистода дар муқоиса бо бозиҳои қаблан баргузоршуда- ин баргузории муштараки онҳо бо Форуми VI байналмилалии ҳарбӣ-техникии «Армия-2020» аз 23 то 29 август хоҳад буд.

Ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии артиш «АрМИ-2020  23 август баргузор шуд.

Дар “Биатлони танкӣ” имсол зиёда аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Россия, Абхазистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Қазоқистон, Конго, Қирғизистон, Чин, Лаос, Мянма, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ) ширкат меварзанд. Бори аввал дар он дастаи мунтахаби Қатар ширкат меварзад.

Аз рӯи натиҷаҳои баромадҳо дар соли 2019 16 даста ба ду дивизион тақсим шудаанд. Дар дивизиони авввал  дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Сербия ва Ӯзбекистон ва  дар дивизиони дуввум аз тимҳои миллии Абхазия, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ шомил шудаанд.

Дар марҳилаи аввал «Пойгаи инфиродӣ» аз 23 то 30 август беҳтарин экипажи танкӣ муайян карда мешавад. Аз 1 то 2 сентябр дар эстафетаҳои нимфиналӣ чаҳор дастаи беҳтарин (аз рӯи вақт) муайян карда мешаванд ва онҳо 4 сентябр беҳтарин дастаи дивизиони дуюмро муайян мекунанд ва 5 сентябр, дар рӯзи пӯшидашавии “Артиш-2020” он ғолиби мусобиқаи “Биатлони танкӣ” муайян мешавад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 4 экипажи танкӣ таҳти фармондеҳии муовини фармондеҳи неруҳои заминӣ оид ба силоҳ ва техникаи ҳарбӣ Махмадалӣ Ашӯров дар биатлони танкӣ аз кишвари мо ширкат меварзанд.

Хотиррасон бояд кард, ки ин бори аввал нест, ки экипажҳои мо дар биатлони танкӣ ширкат меварзанд. Соли 2019 низ аз Тоҷикистон чор экипажи танк ва як гурӯҳи дастгирии техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида буданд.

Дастаҳои ширкаткунанда ба ду дивизион тақсим шуданд. Тақсимот дар асоси рейтинги дастаҳо, ки аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои соли пешин тартиб дода шудаанд, сурат гирифт. Тоҷикистон дар қатори Кувайт, Мянма, Ветнам, Лаос, Зимбабве, Африқои Ҷанубӣ, Уганда, Ӯзбекистон, Ангола, Судон, Куба ва Шри-Ланка ба гурӯҳи дуввум ворид шуд.

Танкчиёни Тоҷикистон дар панҷ чемпионати қаблии “Биатлони танкӣ” бомуваффақият баромад карда, соҳиби ҷоизаҳо ва мукофоти гуногун шудаанд.

АКС: © Sputnik / Виталий Белоусов

Август 29, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст