СУТ хабар медиҳад, ки 172 кишвар дар коркарди ваксинаҳои зидди коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

Август 25, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Як саду ҳафтоду ду кишвар ба механизми байналмилалии COVAX пайвастанд, ки ҳадафи он таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои зидди коронавирус, вақте ки ин дору пайдо мешавад, мебошад. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус рӯзи душанбе, 24 август дар брифинг дар Женева дар ин хусус иттилоъ додааст.

Вай дар мавриди ирсоли номаҳо дар ҳафтаи гузашта ба ҳамаи кишварҳо ёдовар шуд, ки зимни онҳо дархост шудааст дар ҳамкорӣ  барои зудтар коркард намудани воситаҳои зидди коронавирус шарик шаванд. «То имрӯз 172 кишвар дар механизми ҷаҳонии COVAX иштирок мекунанд», — гуфтааст директори генералӣ. Ба гуфтаи вай, ҳоло «маҷмӯан нуҳ ваксина коркард шудааст.» «Мо бо тамоми истеҳсолкунандагони ваксинаҳо ҳамкорӣ мекунем, то ин ки ҳамаи кишварҳое, ки сари вақт ба ин кӯшишҳо мепайванданд, дастрасии одилона ба  тамоми ваксинаҳои дорои иҷозатнома ва  тасдиқшуда дошта бошанд», — таъкид кард роҳбари СУТ.

Директори генералӣ зикр кард, ки иштироки кишварҳо дар механизми ҷаҳонии COVAX имкон медиҳад нархи ваксинаҳо дар ҳудуди поини эҳтимолӣ нигоҳ дошта шавад. Агар танҳо шумораи ками кишварҳо ваксинаҳоро содир кунанд, пас пандемия тӯлонитар хоҳад шуд. Ӯ ҳушдор дод ва илова кард, ки «миллатгароӣ дар соҳаи ваксина танҳо ба вирус кумак мекунад.»

Тедрос Аданом Гебрейесус ба ин назар аст, ки дар марҳилаи аввали эмкунӣ, ки ҳанӯз таъминоти ваксина маҳдуд хоҳад буд, «муҳим ин аст, ки ҳамаи онҳое, ки зери хатари баланд қарор доранд, бо ваксинаҳо таъмин карда шаванд».

Дар ин робита ӯ кормандони соҳаи тибро дар ҷойи аввал гузошт ва тавзеҳ дод, ки онҳо «дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза алайҳи пандемия қарор доранд.» Сардори СУТ бар ин ақида аст, ки ҳангоми эмкунӣ шахсони 65-сола ва калонтар, инчунин касони гирифтори бемориҳое, ки ҳангоми ба  бемории COVID-19 мубтало шудан хатари маргро зиёд мекунанд, бояд афзалият дошта  бошанд.

Август 25, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон