Таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ» китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери унвони «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ» маҷмӯаи мақолаҳои донишмандон ба нашр расид.
Маҷмӯаи мазкур зери назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода чоп шуда, мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ мебошад.
Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар китоб доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи илмҳои филологӣ сухан меравад.
Китоб бо гуфтаҳои зерини Пешвои миллат оғоз мешавад: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад».
Инчунин китоб 23 мақолаи илмиро дар бар гирифта, дар мақолаи аввал Сироҷиддини Эмомалӣ дар бораи «Рушди илмҳои филологӣ дар замони Истиқлол (ба ҷойи сарсухан)» ба таври муфассал роҷеъ ба саҳми Пешвои миллат дар рушди илмҳои филологӣ изҳори назар намудааст.
Дар мақолаи баъдӣ, ки мансуб ба қалами академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода аст, оид ба “Тасвири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти тоҷик” сухан гуфта шудааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мисолҳо дар ин бора сухан гуфта, аз ҷумла навиштааст: “Корҳои шоиста, дастовардҳои беназир, сулҳу суботи сартосарӣ ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки дар миёни халқ баробари унвонҳои расмиаш унвонҳои ифтихории Президенти мардумӣ, Ҷаноби Олӣ, фарзанди номдори миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат ва амсоли инҳоро соҳиб гардад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар сиёсатмадорони бузурги олам унвони «Пешвои асри 21”- ро мушарраф шавад. Дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон имрӯзҳо аз кӯдаки мактабхон то пири рӯзгордида ӯро ҳамчун наҷотбахши миллат, поягузори давлати навин, ҳомии бахту саодат мешиносанд ва эътирофу эҳтиром мекунанд.
Ҳамин сифатҳои барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуданд, ки аҳли адабу эҷод, шоирону нависандагон, рассомону ҳайкалтарошон, наққошону мусаввирон, оҳангсозону сарояндагон дар васфи Сарвари дурандешашон дар жанрҳои гуногун шеъру манзумаҳо офаранд ва симову хислатҳои башардӯстонаву инсондӯстонаи ин абармардро васф намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ҳамаи мақолаҳо саҳми арзишманди Пешвои миллат дар рушди илми филология бо далелҳо исбот шудааст. Донишмандон кӯшиш намудаанд, ки корҳои неки Пешвои миллатро дар навиштаҳои худ воқеъбинона ва бо далелҳои илмӣ нишон диҳанд.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






