«Тоҷикстандарт» вуруди 24 549 кг чойи хушки пастсифатро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Воридоти 24 549 кг чойи хушки сиёҳ аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») пешгирӣ гардида, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт».
Чанде қабл аз ҷониби ҶДММ «Мирзо Анвар» (вилояти Суғд, н. Спитамен), ки тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 24 549 кг чойи хушки сиёҳ ворид намудааст, ба Маркази ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид гардид.
«Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба Маркази ташхисии Агентӣ пешниҳод гардида буд, муайян карда шуд, ки намунаи чойи хушк аз рўи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест. Бо дарназардошти ин дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 24 549 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд», — илова намуд манбаъ.
Масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки дар самти пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок ва таъмини риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикстандарт» бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. «Новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулиятӣ роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд. Бо истифода аз фурсат аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат эҳсосу дарки баланди ватандўстӣ зоҳир намоянд», — тазаккур доданд дар «Тоҷикстандарт».








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






