Дар ноҳияи Спитамен афзоиши самараи иқтисодии маҳсулоти гармхонаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар мавзӯи «Баланд бардоштани самараи иқтисодӣ ва потенсиали содироти маҳсулот аз гармхона» машварати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми амалии машварат дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳия доир шуда, дар он оид ба бунёд ва тарзи истифодаи гармхона, интихоби навъ, мӯътадил нигоҳ доштани ҳарорат, намнокӣ ва эмин нигоҳ доштани зироат аз касалию ҳашароти зараррасон маълумот дода шуд.
Иштирокчиёни машварат бо нашъунамои бодиринг ва қаланфур, ки дар масоҳати 6 гектари гармхонаи хоҷагии мазкур парвариш ёфта, ба содирот нигаронида шудаанд, шинос шуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ, ба роҳ мондани истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 448 гармхона бо масоҳати умумии 40,9 гектар мавҷуд буда, соли равон дар 25,64 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.
Дар самти парвариши зироат дар гармхонаҳо саҳми кишоварзони ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен назаррас мебошад.
Зикр гардид, ки ҳадафи ташкили машварати вилоятӣ мусоидат кардан дар истифодаи самараноки гармхонаҳо, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир, бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






