Дар ноҳияи Спитамен афзоиши самараи иқтисодии маҳсулоти гармхонаро баррасӣ намуданд

Август 21, 2020 10:15

 ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар мавзӯи «Баланд бардоштани самараи иқтисодӣ ва потенсиали содироти маҳсулот аз гармхона» машварати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми амалии машварат дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳия доир шуда, дар он оид ба бунёд ва  тарзи истифодаи гармхона, интихоби навъ, мӯътадил нигоҳ доштани ҳарорат, намнокӣ ва эмин нигоҳ доштани зироат аз касалию ҳашароти зараррасон маълумот дода шуд.

Иштирокчиёни машварат бо нашъунамои бодиринг ва қаланфур, ки дар масоҳати 6 гектари гармхонаи хоҷагии мазкур парвариш ёфта, ба содирот нигаронида шудаанд, шинос шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ, ба роҳ мондани истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 448 гармхона бо масоҳати умумии 40,9 гектар мавҷуд буда, соли равон дар 25,64 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

Дар самти парвариши зироат дар гармхонаҳо саҳми кишоварзони ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки ҳадафи ташкили машварати вилоятӣ мусоидат кардан дар истифодаи самараноки гармхонаҳо, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир, бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Август 21, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст