Замони баргузории бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 31 август дар толорҳои варзишии мамлакат оғоз мегарданд Дар ин давр дастаҳои футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Бозиҳои даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 22 август дар толорҳои варзишии мамлакатамон дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо пирӯзии пешсафони мусобиқа ба поён расиданд. Дар ин давр дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии хонагиаш дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 13:1 мағлуб намуда, бо касби 19 имтиёз дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Равшан» бо ҳисоби 13:4 ғолиб омад, бо касби 16 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе, ки дар меҳмонӣ бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 7-ум
«Сипар» – «Самандар» – 13:1
Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 7 (2:0). Иқбол Воситзода, 8 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (4:0). Баҳодур Хоҷаев, 14 (5:0). Иқбол Воситзода, 18 (6:0). Алишер Сафаров, 20 (7:0). Ҷони Ҷгеренаия, 23 (8:0). Иқбол Воситзода, 29 (9:0). Абдусамад Раҳмонов, 33 (10:0). Алишер Сафаров, 34 (11:0). Фирдавс Тусматов, 35 (11:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (12:1). Абдусамад Раҳмонов, 40 (13:1).
«Истаравшан» – «Муҳоҷир» – 8:7
Голҳо: Парвиз Раупов, 2 (1:0). Самандар Ризомов, 2 (1:1). Самандар Ризомов, 8 (1:2). Парвиз Раупов, 10 (2:2). Хуршеди Зайниддин, 20 – ба дарвозаи худ (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 23 (4:2). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Самандар Ризомов, 30 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 30 (4:5). Холид Сабуров, 30 (5:5). Холид Сабуров, 32 (6:5). Холид Сабуров, 33 (7:5). Самандар Ризомов, 35 (7:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 38 (8:6). Самандар Ризомов, 40 (8:7).
«Равшан» – «Соро компания» – 4:13
Голҳо: Вахтанг Кекелия, 10 (0:1). Муҳаммад Шарипов, 13 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 15 (0:3). Насим Шарипов, 17 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 18 (0:5). Ҷамшед Муродов, 19 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 23 (1:7). Малхаз Муртсхваладзе, 23 (1:8). Рустам Зауров, 24 (2:8). Насим Шарипов, 27 (2:9). Ҷамшед Муродов, 28 (3:9). Фаридун Неъматов, 29 (3:10). Ҷамшед Муродов, 30 (4:10). Насим Шарипов, 32 (4:11). Насим Шарипов, 35 (4:12). Фаридун Неъматов, 39 (4:13).
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум
«Соро компания» – «Сипар» – 1:2
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).
«Самандар» – «Истаравшан» – 8:16
Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).
«Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3
Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Сипар» (Хуҷанд) | 7 | 6 | 1 | 0 | 49-17 | 19 |
| 2 | «Соро компания» (Душанбе) | 7 | 5 | 1 | 1 | 54-12 | 16 |
| 3 | «Муҳоҷир» (Душанбе) | 7 | 4 | 0 | 3 | 41-34 | 12 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 7 | 3 | 0 | 4 | 51-49 | 9 |
| 5 | «Равшан» (Кӯлоб) | 7 | 1 | 0 | 6 | 30-68 | 3 |
| 6 | «Самандар» (Турсунзода) | 7 | 1 | 0 | 6 | 35-80 | 3 |
Нишонзанҳо: Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 тӯб, Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 14 тӯб, Собирҷон Гулаков («Сипар»), Фаридун Расулов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 8-ум
31 август (душанбе)
16:00 – «Истаравшан» – «Сипар»
16:00 – «Самандар» – «Равшан»
16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






