3 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» гардиданд

Сентябрь 10, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, 3 нафар донишҷӯи  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тавре аз донишкадаи мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишҷўи курси дуюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Мадина Зоирова, донишҷўи курси сеюми шуъбаи китобдорӣ  Назира Доруева ва донишҷўи курси сеюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Умедҷон Юнусалиев аз рўи номинатсияҳои адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ғолибонро табрик намуда, гуфт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва такмили захираи луғавӣ миёни аҳолии мамлакат доир мегардад.

-Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ афзун мегардонад. Зеро китоб сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз,  «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» мебошад. Дарвоқеъ, таърихи китобдории тоҷик аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Дар анҷом ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ва мукофотпулии раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада сарфароз гардиданд.

Сентябрь 10, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ