Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-ро дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 22, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус», ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус» бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бунёд гардидааст.

Иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Ин боғ як гӯшаи ноободи ноҳияи Шаҳритус буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву  бунёдкорӣ ба мавзеи зебову назаррабо табдил ёфт. Дар он барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус шароити хубу муносиб фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ — Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.

Муҷассамаи Тус ва ду шери дар паҳлуяш бударо, ки рамзи қудрату ҷасорат мебошанд, ҳайкалтарошони бомаҳорат аз сангҳои ороишии мамлакат сохтаанд.

Дар доираи лоиҳаи таҷдиду навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус дарвозаи он бо навиштаҷот аз нав карда шуд. Ҳамчунин қаҳвахонаи кӯҳнаи он, ки “Афсона” ном дорад, таъмир гардида, боз як қаҳвахонаи дигар бо номи “Наврӯз” бунёд шуд. Ҳар ду қаҳвахона дар як вақт метавонанд ба беш аз 80 нафар хизмат расонанд. Тибқи лоиҳа, дар ин боғ як ошхонаи замонавӣ барои зиёда аз 50 нафар ва чойхона низ сохта мешавад.

Дар боғ ду фаввора сохта шудааст, ки калонтарини он 22 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Дарозии фаввораи дуюм 3 метр буда, паҳноиаш ба 3 метр мерасад.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус чароғҳои замонавӣ ва гуногуншакл насб карда шудаанд. Шабона ин боғ макони афсонавиро мемонад ва ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам мекунад.

Амфитеатри боғи мазкур низ аз таъмир бароварда шуда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ макони мувофиқу муносиб гардид. Қаблан амфитеатр 150 ҷойи нишаст дошт. Баъд аз таъмиру навсозӣ шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 400 расид. Ҳамчунин дар он ду ҳуҷра барои ҳунармандон мавҷуд мебошад. Дар гӯшаи дигари Амфитеатр барои пешниҳоди барномаҳои ҳунарӣ саҳнаи фароғатӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар қисми дигари боғ бинои маъмурии муассиса бунёд шудааст, ки он дорои 4 утоқи корӣ мебошад. Дар маҷмӯъ баъд аз таъмиру навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ аттраксионҳои гуногун насб гардидаанд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар боғ майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз, ҳавзи шиноварӣ, толори обу тоби бадан, тир ва толори саққобозӣ низ сохта шудааст. Дар майдончаи варзишии боғ имкони хуби баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ вуҷуд дорад.

Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ дар боғ беш аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Инчунин пайкараи ҷонварони гуногун, аз қабили шутур, бузи кӯҳӣ, хирс, товус, уқоб, кабку харгӯш ва амсоли ин васл карда шудааст, ки ҳусни боғро боз ҳам зеботар мегардонанд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру азнавсозӣ 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд