Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд пули нави мошингард сохта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Пули нави иловагии мошингард дар болои Сирдарё сохта шуда, шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷандро мепайвандад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди пул гуфта шуд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав пайдо шуд.
Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя карда мешаванд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани танбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули кӯҳна мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд ҳамзамон пули кӯҳнаи шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша, паҳноии пули кӯҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи мошингард фарохтар карда мешавад. Барои ин, васеъсозии роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то истгоҳи универмаг ба масофаи 818 метр дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






