Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Дониёр Қодиров баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






