ҲАМОВОЗӢ БА ДАЪВАТИ РАИСИ ШАҲР. Ташаббусҳои созандаи Рустами Эмомалӣ ба маҳбубияти ў дар қалби мардум замина гузоштаанд

Сентябрь 26, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 26.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар    иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябр доир шуд, аз тамоми сокинони  пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Раиси шаҳр, аз ҷумла, гуфтанд: «Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзем».

Ин даъвати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии гарму ҷушон ба амал овард. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фатҳуддин СОЛЕҲОВ вобаста ба ин мавзуъ дар суҳбат  бо  АМИТ «Ховар»  чунин изҳори  назар намуд:

— Дар ин марҳилаи муҳими ҳаёти сиёсии мамлакат нақш ва шахсияти Рустами Эмомалӣ арзиши бузургтар аз фарзанду пайванди Пешвои миллат пайдо карда, аз ҷониби аҳли ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи васеъ қарор гирифтааст. Ин мавқеият, пеш аз ҳама, ба ташаббускорӣ, навҷўӣ, фаъолияти амалӣ ва таҷрибаи роҳбариву идории босамарашон дар зинаҳои гуногуни хизматӣ вобастагӣ дорад. Ў дар тамоми бахшҳои мудирияти худ бо дидгоҳи оқилонаву одилона ва ташаббусҳои созанда эътимоди аҳли ҷомеаро сазовор гашта, дар қалби мардуми кишвар ба маҳбубияти худ замина гузоштааст. Ин шаҳомат аз он аст, ки Рустами Эмомалӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи нодири сиёсатмадорӣ омўхта, аз мактаби сиёсии давлатдории Пешвои миллат баҳравар гардидааст. Дар ин мактаб шахсияти Рустами Эмомалӣ аз назари маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мукаммал гардида, бо омодагӣ ва ҳадафҳои созанда вориди ҳаёти сиёсӣ шуда, дар садри ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор қарор гирифтааст.

Дидгоҳи арзишманди Рустами Эмомалӣ ва ташаккули марҳила ба марҳилаи таҷрибаи роҳбарии ў боварии тамоми сатҳи ҷомеаро дар маънои соҳиби воқеии худро доштани сарнавишти ояндаи давлату миллати тоҷикон ба вуҷуд овардааст. Дар асл Рустами Эмомалӣ муваффақтарин шогирди соҳибистеъдоди мактаби сиёсии давлатдории Пешвои миллат буда, муҳофизи посдору содиқи идомадиҳандаи арзишҳои ин мактаби бузурги ҳастии миллат ба камол расидааст.

Зеро дар фаъолияти рўзмарраи ин сиёсатмадори ҷавон татбиқи муҳимтарин арзишҳои ин мактаб, саҳмгузорӣ дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ифтихори таърихию тамаддунӣ, ватандўстӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, посдорию тақвияти забони давлатӣ, таҳкими ҳамзистии иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии шарафмандонаи мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тараннуми сиёсати сулҳомез ва ғайра таҷассум ёфтааст, ки ба устувории ояндаи он мактаби сармояи миллӣ, ки кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо мебошад, Рустами Эмомалӣ эътимод бахшидааст.

Аз як ҷониб чун ҷавони муваффақ ворид шудану иштирок варзидани Рустами Эмомалӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуда бошад, аз ҷониби дигар таъмину фарогирии насли ҷавони миллатро низ дар раванди муосири сиёсӣ ва ҷамъиятӣ руҳияи рушдёбанда бахшидааст.

Таъмину иштирок ва интиқоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ масъалаи муҳиму сарнавиштсози ин марҳилаи давлатдорӣ буда, ояндаи худи ҳаёти миллатро боварибахш месозад. Бинобар ин дар ҳошияи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра ҷавонони ватандўсту бунёдкор вориди ҳаёти сиёсии кишвар гардидаанд, ки аз ин нигоҳ Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи фаъоли насли ҷавон ин воқеияти ҷомеаро ифода кардааст.

Аз ин рӯ, шуҳрати Рустами Эмомалӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ба мардуми кишвар, бахусус насли ҷавони мамлакат боварии устувор бахшида, иштироки онҳоро дар раванди созандагии Ватан таъмин карда, боиси саҳмгузории ҳазорон бозу, андеша, ташаббус, нигоҳи нав ва ғайра дар рушди мамлакат гаштааст.

Аз ин ҷост, ки боз яке аз ташаббусҳои оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» ҳамчун нишони ҳамраъйӣ на танҳо аз ҷониби сокинони пойтахт, балки бо ҳамовозии тамоми мардуми кишвар якдилона ҷонибдорӣ ва дастгирӣ пайдо кардааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштаанд, ки «Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сабз мегардонем ва дар ободии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дўст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомўзем»

Албатта, бо амалӣ гаштани ин кори нек мо на танҳо шаҳри худро зебою сарсабз мегардонем, балки дар ободонии диёри худ саҳмгузор гардида, метавонем барои насли наврас намунаи ибрат бошем ва аз ҳама муҳим тавассути амалисозии он дар омўзонидани арзишҳои ватандӯстӣ, созандагӣ, бунёдгузорӣ, дўст доштани табиат, макони зист ва ниҳоят сарзамини аҷдодии худ комёб шавем.

Ин ташаббус аз он иборат аст, ки ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисти хеш як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парваришу нигоҳубин намоянд. Дар пойтахт беш аз ҳазорон нафар зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд ва бо ин амал ҳар кадоме аз онҳо агар як ниҳолӣ бисабзонанд, онгоҳ пойтахти дилороямон — Душанбешаҳр, воқеан ҳам боз зеботару хуррамтар гашта, куллан ба шаҳри сабз мубаддал мегардад.

Мардуми мо аз қадимулайём анъанаи хуби дарахтшинониро касб карда, то инҷониб идома медиҳанд. Акнун аз мо — сокинони шаҳри Душанбе комилан тақозо карда мешавад, ки ин рисолат ва вазифаи муҳими инсонию шаҳрвандиро саривақтӣ шуморида, пайи анҷоми босамари он кушиш ва саъю талош биварзем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ ҳар сол ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо майлу рағбати хос роҳандозӣ ва анҷом дода мешавад. Ташаббуси созандаву наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ аз ибтикороти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма пайдо мекунад ва аз ғамхорӣ ва меҳру ихлоси фарзандона нисбати Ватан ва табиати зебои он гувоҳӣ медиҳад. Ҳар қадар, ки мо дар афзудани дороиҳои табиати шаҳр ҳисса гузорем, ба ҳамон андоза рўзгори худамон ҳам зеботар мешавад.

Имрўз шаҳри Душанбе дар қатори шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон қарор дошта, татбиқи ин ташббус боз ҳам файзу баракат ва зебоиҳои мавҷудаи онро даҳчанд мегаронад.

Ин иқдом дар тарбияи меҳнатӣ, зебоипарастӣ ва баланд шудани маърифати экологии аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон дорои аҳамият буда, баҳри обод кардани табиати атроф дар зеҳну андешаи ҳар як шахс бо амалӣ сохтани он саҳмгузорӣ ба вуҷуд меояд.

Ин дидгоҳи нав, ки бисёр саривақтӣ мебошад, Душанберо ба шаҳри боз ҳам муосиру зебо ва дилкаш табдил дода, дар рушди сайёҳии он эътибори махсус дорад.

Аз ин рў, муҳимияти ин кори нек – сарсабз гардонидани шаҳр ва тарғиби мунтазами он бояд тавассути матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда шуда, ин ташаббуси созандаву бунёдгузорро, ки анъанаи неки халқи тоҷикро таҷассум месозад, ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил диҳем.

Сентябрь 26, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид