«БЕ КИТОБ, ЭЙ ДӮСТОН, БУНЁДИ МО НОРАВШАН АСТ…». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад

Сентябрь 4, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 04.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. 4 сентябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гузоштани хишти нахустини бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе суханронӣ карда, барои  арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи бебаҳо 4 сентябрро Рӯзи китоб эълон намуда буданд. Холо ин даргоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хеш дар Осиёи  Марказӣ назир надорад ва бузургтарин  даргоҳи маърифат дар Тоҷикистон ва минтақа маҳсуб меёбад.

Китобдорию китобхонӣ-яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии роҳбарияти мамлакат

Солҳои соҳибистиқлолӣ  бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ  дар мамлакат  рушду такомул ёфта, даҳҳо китобхонаҳо  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз карданд, ки бозгӯи сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии мамакат мебошад. Дар ростои татбиқи  сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои  томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ-миёна, муассисаҳои олӣ   доир ва ба ин восита онҳо ба китобу китобхонӣ ҷалб  карда шаванд. Дар робита ба ин масъулинро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти  хуби китобхонаҳоро  дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот  таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро  бо китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин осори  адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Ҳадафи ин амал баланд бардоштани завқи  китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллию  фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии ҳар сокини мамлакат мебошад. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои  миллат ба ҳар оилаи мамлакат ҳадя намояд.

Китоб дар Осиёи Марказӣ анъанаи қадимӣ дорад

Агар таърихи зуҳури китобро дар ҷаҳон варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки пайдоиши китоб аз давраи қадим  то замони имрӯз  чандин давраҳои рушдро аз сар гузаронидааст. Китоб аввал дар рӯи папирус, тахтаҳои васковӣ, чарм навишта мешуд ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Давраҳои гузариш ҳазорсолаҳои зиёдро дар бар мегиранд. Китоб дар Осиёи Миёна анъанаи қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои пеш аз мелод навишта мешуд. Нахустин китоби мардуми эронинажод «Авасто» мебошад, ки дар 12 ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд. Хаттотони машҳури Балху Бухоро, Самарқанду Хуҷанд, Марву Ҳирот, Қубодиёну Хутал ва дигарон асарҳои донишмандони худро дар пӯсти нахчир, дар қоғазҳои хушсифат рӯбардор менамуданд. Аз асри 19 чопи сангӣ оғоз ёфт, ки меҳнати заҳматталаби дастиро осон кард. Дар замони муосир, ки асри техника ва пешрафт аст, китобро мошинҳои пуриқтидори чопӣ бо теъдоди миллионҳо нусха ба табъ мерасонанд.

Хоинони  китоб ҳам зиёд будаанд 

Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз сиёсатмадорону сарватмандон, мустамликадорон, мутаассибони дин бо истифода аз кӯрдилию ҷаҳолат ва нотавонбинии худ муҳимтарин китобҳои халқу миллатҳоро дар тӯли таърих оташ зада, дар об андохта, ё дар зери замин гӯронида, несту нобуд кардаанд. Лашкаркаш Искандари Мақдунӣ «Авасто»-ро сӯзонд. Шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ аз барои «Шоҳнома» ҳукм баровард, ки Фирдавсиро дар зери пойи филҳо андозанд. Ибни Сино барои табобати одамон як умр дар бадарға буд ва саргардон гашт. Насимиро пӯст канданд, Ҳилолиро сангсор карда куштанд. Мирзодаи Ишқиро барои сухан карда натавонистанаш даҳон дӯхтанд. Чунин воқеаҳои нангин дар тӯли асрҳо аз ҷониби кӯрдилон зиёд ба амал омадаанд.

Тоҷикон аз азал  мардуми соҳибкитобу соҳибмаърифатанд

«Китобхониву  китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, дар ҷамъият обрӯю нуфуз пайдо менамояд, ӯро шарафманду қадршинос мегардонад»,-  мегӯяд китобдори мақомоти гумрук Зӯҳро Ҳасанзода дар Рӯзи китоб.

Ба андешаи мавсуф, китоб барои инсон сарчашмаи илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва  эҳтиром намудани китоб барои ҳар фард воҷиб аст, зеро тоҷикон аз азал  мардуми соҳибкитобу соҳибмаърифат ва фарҳангдӯстанд. Мероси бузургу бебаҳои бадеиву таърихӣ, ки сарчашмаи беҳамтои маънавиёти миллат мебошад, гувоҳи ин андешаҳост.

Моли камарзишро дар бозорҳо дар варақҳои китобҳои нодир печонида мефурӯшанд

Ниёгони мо  ҳангоми мутолиа ва рӯйбардор кардани  китоб ҳатто дар болои он гузоштани ягон ашёро  беэҳтиромӣ  нисбат  ба китоб  мешумориданд, ё аз ҷое варақи китоберо  ёбанд, аз замин бардошта,  ба  дидагонашон молида, ба баландие мегузоштанд. Гузаштагони мо аз хор кардани китоб, ки сабаби хор гаштани инсон ва бебаҳра мондан аз илму маърифат мегардад, ҳазар мекарданд. Аз ин рӯ, ба хонандагон лозим аст, ки зимни хондани китоб истилоҳу калимаҳои нофаҳморо рӯйнавис намуда, бояд аз луғату фарҳанг маънову мазмуни онҳоро кӯчонида гиранд ва аз худ намоянд. Ба ҷойи навиштагирӣ баъзан зери сатрҳои ҷойҳои даркории китоб хат мекашанд. Баъзеҳо варақҳои китобро мекананд. Албатта, ин кори нодуруст ва беэҳтиромӣ нисбат ба китоб аст.

Баъзан дар бозор китобҳои нодирро назди фурӯшандаҳо, хусусан носфурӯшону донаи офтобпарастфурӯшон мебинем, ки варақҳоро канда,   моли камарзиши худро дар он печонида, ба харидорон пешниҳод менамоянд. Моро лозим аст, ки аз чунин кирдорҳои зишт ва нораво даст кашида, идома додани суннати гузаштагони худ, яъне пос доштани қоғазу китобро вазифаи муқаддас донем, гуфт Зӯҳро Ҳасанзода.

Биёед китоб хонем, зеро он сароғози тамоми сарватҳои маънавии инсоният аст

Хонандагони китобро зарур аст, ки саҳифаҳои даркорӣ ё маъқулашонро беҳтараш нусхабардорӣ намоянд. Мо бояд ҳамқадами замон бошем ва аз пешрафти илму техника ва воситаҳои иттилотию коммуникатсионӣ, назири  компютер, интернет ва дигар дастгоҳои электронӣ бохабар буда, аз онҳо ба таври комил баҳра бардорем. Вале роҳ ба ҳамаи ин донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.

Бо истифода аз   компютер маълумот ҷамъ меоварем, вале бо хондани китоб ва аз худ кардани мазмуни он дониш ҳосил менамоем. Бо хондани китоб дар дунёи дигар сайр мекунем дунёи маъно, дунёи зебоӣ, дунёе моварои ин дунё. Пас биёед китоб бихонем. Мо аминем, ки ҷойи китобро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад, чунки он сарчашмаи илм, сароғози тамоми сарватҳои маънавии инсоният аст.

Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст! 

Китоб фонуси қалби инсонҳова роҳнамои зиндагист

Бузургони мо дар бораи китоб суханҳои баландмазмун гуфтаанд. Аз ҷумла, Ҳусайни Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи  Мӯҳсинӣ» овардааст: «Беҳтарин ҷаласа ва хуштарин анис кутуби акобир ва расоили бузургон …. на замири хонандаро  аз ӯ малолест ва на хотири шунавандаро калом». Аз ин рӯ, дар хонаи ҳар фард будани ҷевон ва рафи китоб зарур аст. Зеро хонаи бе китоб сард буда, зиндагӣ маъно надорад. Бе китоб илму маърифат ҳосил нахоҳад шуд, бе илму адаб мансабу давлат чизе нест, табиати инсон ниёз ба дороии маънавӣ- ба китоб  дорад. Яъне ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. Ва дар он китобҳои дарсиву таълимӣ, асарҳои классикони милливу ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳову луғатҳои марбут ба ихтисосашонро гирд оваранд. Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дӯсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор  ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст,
Бувад  бе музду миннат устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар дам саводе,
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дур,
Ба тақрири латоиф лаб кушояд,
Ҳазорон гавҳари маънӣ намояд.

Шахси китобхон ба мисли офтоб нурафшон аст

Китоб дарёи ҳикмат буда, маҷрои он моро ба роҳи хирад, маърифат, одобу фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Бе китоб донистани таърихи башарият имкон надорад. Чун китоб сабаби асосии ҳосил намудани илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва арҷ гузоштан нисбат ба китоб амрест муқаддас. Шахси китобхону китобдӯст ба монанди садаф, ҷавоҳирот, офтоб ҷилобахшу нурафшон аст. Мутолиаи китоб на танҳо бодиққат будан, балки фаъолиятмандиро тақозо мекунад, омили мустаҳкам намудани хотира гардида, аз сӯйи дигар, барои ғанӣ намудани маънавиёт, сайқал ёфтани зеҳну қобилият ва ташаккули заминаи эҷодиёти илмӣ мусоидат менамояд.

Зи доноён бувад ин нукта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гӯр.

 Набояд фаромӯш сохт, ки  китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб аз нодиртарин ва марғубтарин бозёфтҳои иҷтимоии башарият маҳсуб меёбад ва онро бояд азизу муқаддас дониста, чун гавҳараки  чашм ҳифз созем. Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани Рӯзи китоб дар Тоҷикистон пайкест аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан арҷ гузоштан ба китобу китобдорӣ ва ба китобхонӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон.

Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик  Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар қарни XIV роҷеъ ба ҷойгоҳи китоб фармуда буданд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

                                      Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент