Чин то охири соли 2020 беш аз 600 миллион вояи ваксинаҳои зидди коронавирус истеҳсол мекунад

Сентябрь 28, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард. Дар ин бора зимни брифинг директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй хабар дод, иттилоъ  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

«Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад»,- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии «дар хатти пеш» буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

                                                 АКС аз сомонаи АБИ «Казинформ»

Сентябрь 28, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон