COVID-19. Дар ноҳияи Қубодиён маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барои дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ гурӯҳи меъморону бинокорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб шудаанд.
Ҳоло барои фароҳам овардани шароит ба сохтмончиён бо талоши наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои моддии вилоят як шаҳраки иборат аз 55 хайма сохта шуд.








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






