Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд

Сентябрь 30, 2020 09:12

ХОРУҒ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд.  Кӯдакону наврасон ва ҷавонони деҳа  имкон пайдо карданд, ки минбаъд дар он ба бозиҳои дӯстдошта машғул шаванд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят хабар медиҳад, дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки “ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад”.

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки “Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд. Барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар асст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад”.

Дар ин рӯз бинои Хонаи фарҳанги деҳа низ пас таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд.

Сентябрь 30, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд