Дар Донишгоҳи тиббӣ ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид

Сентябрь 15, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Донишгоҳи тиббии  Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо мақсади ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ҳамоиш муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ризо Назарзода сухан гуфта, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуд.

Дар ҳамоиш аз номи кулли кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14–уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида буд.

Сентябрь 15, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд