Дар Душанбе барои доварони санъати камонварӣ курси омӯзишии онлайнӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14-16 сентябр дар доираи Барномаи «Рушди сохтори варзиши камонварӣ»-и Ҳамбастагии олимпӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои доварони ин намуди варзиш курси омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Курсро коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Ринга Балтруайт тариқи онлайн гузаронд. Дар муддати се рӯз намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода масъалаҳои муҳими қоидаҳои доварӣ омӯхтанд.
Ду рӯзи аввал ҳамаи зарфияти ташкил ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, талаботи техникӣ ва меъёрҳо барои камонварӣ баррасӣ шуд. Рӯзи сеюм коршинос ба иштирокчиён шароити душвор манзур кард ва онҳо дар асоси қоидаҳои Федератсияи байналмилалӣ қарор қабул карданд. Дар анҷом Ринга Балтруайте ба доварони мо баҳои хуб дода, сатҳи дониши онҳоро баланд арёбӣ кард.
Дар марҳилаи навбатӣ- охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр курси омӯзишӣ барои мураббиёни намуди камонварӣ ба нақша гирифта шудааст. Қаблан дар доираи барнома дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар барои намояндагони намуди варзиши камонварӣ ҷиҳати рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистон ва таҳияи стратегияи рушди ин намуди варзиш семинарҳо баргузор шуда буданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






