Дар Душанбе бо нозирони байналмилалӣ муколама доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченкоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеи ҳизбҳо доир ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аснои муколама Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намуд, ки «имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад».
Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президентӣ Рустам Қудратов ва Рустам Латифзода мулоқот намуданд.
Дар мулоқот намояндаи Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муовини котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилоти байналмилалӣ даъват шудаанд.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






