Дар Ишкошим 24 корманди давлатӣ соҳиби хона шуданд

Сентябрь 12, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бинои  нави 24-ҳуҷрадори истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими расман ба истифода додани бинои мазкур  раиси ВМКБ  Ёдгор Файзов  зикр кард, ки «сол то сол сатҳ ва шароити кору зиндагии кормандони давлатӣ беҳтар мегардад. Фароҳам овардани шароити хуби кор ва зиндагӣ ба  фаъолияти пурсамари кормандон мусоидат менамояд. Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пеш аз ҳама, бо манзили зист таъмин гарданд. Бо ин  мақсад дар мамлакат  сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои кормандони давлатӣ  меафзояд».

Сипас Ёдгор Файзов  ба кормандон калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида, онҳоро табрик гуфт.

Хизматиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки  соҳиби манзили зист гардиданд,  изҳори шодмонӣ мекарданд ва  барои чунин дастгириву ғамхориҳои беназир ба  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки бар ивази ин ғамхориҳо  ба Ватан ва халқ содиқона хизмат мекунанд.

Сентябрь 12, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид