Дар Рашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид. Дар натиҷаи қувваозмоӣ ҷои аввал насиби дастаи Рашт гардида, ҷои дуюм ба дастаи Душанбе-1 ва ҷои сеюм ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дода шуд. Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медал ва диплом супорида шуд.
Тавре аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ беш аз 50 варзишгар дар ҳайати 5 даста: ду даста аз Душанбе, дастаҳои Хатлон, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.
Мусобиқаи мазкур дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор шуда, мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду пешрафти соҳаи варзиш ва инчунин ташаккули бозиҳои миллии варзишӣ мебошад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






