Дастаи футзали «Соро компания» соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Дар бозии финалӣ, ки 12 сентябр дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби калони 8:4 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг Кекелия ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов, Насим Шарипов якголӣ ба ҳадаф расониданд. Дар ҳайати дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Иброҳим Мирзоев се тӯб, Умеди Ҳусайн як тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе карданд. Дар ин вохӯрии финалии Ҷоми Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов аз дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингар эътироф шуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардида буданд. Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Некрӯз Алимаҳмадов, Рустам Ҳомидов ва Муҳаммад Раҷабов ба нишон расониданд.
Дар бозии дигар дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 7-ум
«Сипар» – «Самандар» – 13:1
Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 7 (2:0). Иқбол Воситзода, 8 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (4:0). Баҳодур Хоҷаев, 14 (5:0). Иқбол Воситзода, 18 (6:0). Алишер Сафаров, 20 (7:0). Ҷони Ҷгеренаия, 23 (8:0). Иқбол Воситзода, 29 (9:0). Абдусамад Раҳмонов, 33 (10:0). Алишер Сафаров, 34 (11:0). Фирдавс Тусматов, 35 (11:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (12:1). Абдусамад Раҳмонов, 40 (13:1).
«Истаравшан» – «Муҳоҷир» – 8:7
Голҳо: Парвиз Раупов, 2 (1:0). Самандар Ризомов, 2 (1:1). Самандар Ризомов, 8 (1:2). Парвиз Раупов, 10 (2:2). Хуршеди Зайниддин, 20 – ба дарвозаи худ (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 23 (4:2). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Самандар Ризомов, 30 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 30 (4:5). Холид Сабуров, 30 (5:5). Холид Сабуров, 32 (6:5). Холид Сабуров, 33 (7:5). Самандар Ризомов, 35 (7:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 38 (8:6). Самандар Ризомов, 40 (8:7).
«Равшан» – «Соро компания» – 4:13
Голҳо: Вахтанг Кекелия, 10 (0:1). Муҳаммад Шарипов, 13 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 15 (0:3). Насим Шарипов, 17 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 18 (0:5). Ҷамшед Муродов, 19 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 23 (1:7). Малхаз Муртсхваладзе, 23 (1:8). Рустам Зауров, 24 (2:8). Насим Шарипов, 27 (2:9). Ҷамшед Муродов, 28 (3:9). Фаридун Неъматов, 29 (3:10). Ҷамшед Муродов, 30 (4:10). Насим Шарипов, 32 (4:11). Насим Шарипов, 35 (4:12). Фаридун Неъматов, 39 (4:13).
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум
«Соро компания» – «Сипар» – 1:2
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).
«Самандар» – «Истаравшан» – 8:16
Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).
«Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3
Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 8-ум
31 август (душанбе)
«Истаравшан» – «Сипар» 2:12
«Муҳоҷир» – «Соро компания» 2: 9
Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал.
Даври ½-ниҳоӣ
9 сентябр (чоршанбе)
«Муҳоҷир» – «Соро компания» — 0:3
Голы: Некруз Алимаҳмадов, 23 (0:1). Рустам Ҳамидов, 26 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 32 (0:3).
«Истаравшан» – «Равшан» – 7:8
Голҳо: Фаридун Расулов, 1 (1:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 3 (2:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 7 (3:0). Умеди Ҳисайн, 9 (3:1). Умеди Ҳисайн, 9 (3:2). Қадам Абилов, 12 (3:3). Фаридун Расулов, 15 (4:3). Иброҳим Мирзоев, 20 (4:4). Ҷамшед Муродов, 21 (4:5). Фаридун Расулов, 22 (5:5). Идимад Авзалов, 23 (5:6). Парвиз Раупов (5:7). Ҳусейн Расулов, 29 (6:7). Беҳруз Сангинов, 37 (7:7). Умеди Ҳисайн,, 38 (7:8).
Финал
12 сентябр
Соати 16:00
«Соро компания» – «Равшан» 8:4
«Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд
Голҳо: Некӯуз Алимаҳмадов, 6 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 6 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 8 – (2:1). Иброҳим Мирзоев, 15 (2:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 17 (3:2). Вахтанг Кекелия, 17 (4:2). Сиёвуш Қаюмов, 27 (5:2). Вахтанг Кекелия, 28 (6:2). Умеди Ҳусайн, 32 (6:3). Некӯуз Алимаҳмадов, 33 (7:3). Насим Шарипов, 38 (8:3). Иброҳим Мирзоев, 40 — (8:4).








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






