Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон ду бозии дӯстона барпо мекунад

Сентябрь 16, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ба соли оянда гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев   бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон  ду дидори дӯстона доир менамояд.Ин   бозиҳои рафиқона   21  ва 24 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти   Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ин пеш  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон ду  бозии  рафиқона доир намуда буд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт.  Дар ин бозии ҷолиб голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯз гардиданд.

Бозиҳои дӯстона

21 сентябр (душанбе)

Оғози бози соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ӯзбекистон (U-16)

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

 24 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бози соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ӯзбекистон (U-16)

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

Сентябрь 16, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад