Файзулло Баротзода: «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ифодагари ҳисси баланди миллист»

Сентябрь 8, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 08.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи навини Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддас ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст. Чун ҳамасола ин рӯзи фараҳбахшро тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои бештар аз пештар таҷлил менамоянд. Ин матлабро раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА дар сухбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» баён намуд. Номбурда дар идомаи суҳбат чунин зикр кард:

— Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи бемисл пайдо намуданд. АМИТ «Ховар» ин равандро «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» унвон карда, бо ин ном дар сомонаи худ бахши нав кушод, ки ин хеле муносиб ва муносир аст. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодагари ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ шуруъ ёфта ва торафт бештар қувват мегирад. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи башумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик мақому манзалати худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар ва пурҷилотар мегардад.

 

Сентябрь 8, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд