Фатҳуддин Солеҳов: «Соҳибихтиёрии давлат ҳувияти миллатро зинда нигоҳ медорад!»

Сентябрь 8, 2020 07:02

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Эҳсоси иродаи озоди ҳар инсон ва истиқлолияти фикрӣ муҳимтарин зинаи олии таъмини Истиқлолияти давлатӣ аст. Маҳз мавҷудияти чунин озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат ҳувияти миллатро зинда нигоҳ дошта, мавқеи онро такомул мебахшад, зеро дар замони муосир Истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи муҳими эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии миллатҳо маҳсуб мешавад. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фатҳуддин СОЛЕҲОВ.

Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишт тоҷиконро дар марҳилаи ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ бо имтиҳони сахту сангине рӯ ба рӯ сохт, ки миллат ба нокомиҳо, хисороту харобиҳо ва қурбониву ноумедиҳои зиёд гирифтор гардид, — гуфт Ф. Солеҳов дар идомаи суҳбат. —  Дар ҳамин ҳангом дар роҳи наҷоти миллат бузургтарин инояту атои Худованд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо дарназардошти масъулияти бузурге, ки таърих ба дӯшашон ниҳод, тавонистанд бо сиёсати холисона ва барномарезии мудаббирона ҳамчун Роҳбари олии мамлакат мушкилтарин ҷодаҳоро сипарӣ намуда, ба музокирот нишаста, сулҳу салоҳро фароҳам карданд, рафтагонро бозоварданд ва парокандагонро пайваста, ваҳдат намуданд.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик маҳсуб ёфта, оғози ислоҳоти иҷтимоӣ дар ҳаёти маънавӣ, марҳилаи нави ташаккули ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодии давлатдорӣ мебошад.

«Таърих гувоҳ аст, — менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳёро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст»…

Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат тағйироти бузург ба вуҷуд овард. Зеро дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, рушди маърифату фарҳанг ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои илмию адабӣ уфуқҳои тоза боз гардида, эҳёи таърих, арзишҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ ва бозшинохту бозгашт ба асолати ҳастии миллат ба вуҷуд омад.

Яке аз дастовардҳои беназири Истиқлолият, ки ба фаъолияти босамари Сарвари давлат пайвасти ногусастанӣ дошта, аз ташаббусу ибтикороти бевоситаашон сарчашма гирифтааст, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки аз ҷониби коршиносони ватаниву байналмилалӣ аз муҳимтарин иқдомҳои ҷиддӣ дар самти ислоҳоти иҷтимоӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа пазироӣ гардидааст.

Қонуни мазкур ба амалӣ гардидани ниёзҳои маънавии шаҳрвандон мусоидат намуда, ба танзими урфу одатҳои мардумӣ, таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида, дастгирӣ намудани мардуми камбизоату ниёзманд, ятимону бепарасторон ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ асос гузошт, ки аллакай дар муддати начандон зиёди амали худ таъсири созгор доштанашро ба солимгардонии ҳаёти маънавии ҷомеа нишон додааст.

Дар пояи ҳамин заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҳоло зарурати таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи асолати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум тақозои замон мебошад. Дар ин раванд таҳияву нашри осори адабию ахлоқӣ, илмиву назариявӣ метавонанд ниёзи маънавӣ ва талаботи рӯзафзуни ҷомеаро таъмин гардонанд ва зеҳнияти мардумро аз таъсири равандҳои номатлуби ифротию хатарнок ҳифз кунанд.

Зеро барои чунин ҷомеаи анъанавӣ риояи оинҳои зиёди меросӣ хос аст, ки агар қисме аз таҷрибаи бисёрасраи халқ сарчашма гирифта, асоси маданияти миллиро ташкил диҳанд, пас қисми дигар ё зери таъсири тараққиёти иҷтимоӣ кӯҳна гардида, аҳамияти худро аз даст додаанд ва ё бар асари ғалатфаҳмиҳои хурофотиву тақлидкориҳои таассубӣ шакл гирифта, на танҳо ба талаботи маънавии ҷомеа ҷавобгӯ нестанд, балки аз нигоҳи иҷтимоӣ зарарнок низ гардидаанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи

ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танзим намоем, муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем».

Аз нигоҳи фалсафӣ расму оинҳо танзимкунандаи рафтори иҷтимоӣ мебошанд, ки ҳамчун қонунҳои нонавишта рафтори шахсро ба низом медароранд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо онҳо на танҳо қобилияти танзимотии худро аз даст додаанд, балки худ ба шаклгирии баъзе рафтори нодурусти иҷтимоӣ мусоидат низ кардаанд.

Агар ба асли ҷашну маросими аҷдодонамон нигарем, мебинем, ки онҳо моҳияти ахлоқиву эстетикӣ доранд, масалан, асли анъанаҳои алоқаманд бо ҷашни арӯсиро кумаки амалӣ ба соҳибҷашнҳо, дастгирии равонӣ ва машварат ба наварӯсон ташкил дода, ҳалли масъалаҳои ташкили оилаи нав ва бартарафсозии ташвишҳои бо он алоқамандро дар бар мегирад. Ҳангоми маросими дафн низ амалҳое, ки ба таври анъанавӣ иҷро мешуданд, ба расонидани кумаки амалӣ ба хонаводаи мусибатдида дар ташкили дафни майит ва дастгирии равонии мусибатдорон дар рӯзҳои вазнини ҳаёташон равона гардида буданд. Аммо, зери таъсири омилҳои номусоиде, ки дар боло зикр карда шуд, тадриҷан ба онҳо унсурҳои беаҳамият ва ҳатто зарарнок илова гардида, барои соҳибҷашн ва шахси азодор мушкилоти иловагии молиявӣ ва таъсири ногувори равонӣ мерасонданд. Масалан, маъракаҳои сершумори сандуқбарон, сарупобинон, қудоталбон, чодарканон, шаҳтозон ва монанди инҳо, ки дар ҷараёни ҷашни арусӣ анҷом дода мешуданд, чӣ аҳамияте барои ташкил ва устуворгардонии оилаи навбунёд ё дастгирии амаливу маънавии соҳибҷашнҳо дошта метавонанд? Ҳол он ки онҳо бо хароҷоти зиёд амалӣ гардида, дар айни замон мушоҳидони онро боз ҳам ба тақлидҳои мусобиқаангез ва исрофи бештар талқин менамоянд. Ин ҳолат шахсони имкониятҳои молиявиашон маҳдудро ба гирифтани қарзҳои гарон ё ба таъхир мондани «амали хайр» водор менамоянд ва ё боиси он мегарданд, ки ӯ худро дар байни ҷамоат хиҷолатзада ҳис кунад.

Ҳолати ба ҳамин монанд дар мавриди маъракаҳои «оши сари тахта», «душанбегӣ» ва дигар расму оини маросими дафну азодорӣ вомехӯрданд, ки аз асли моҳияти азодориву дастгирии мусибатдидагон дур шуда буданд. Мушоҳидаи баргузории ин маъракаҳо нишон медод, ки онҳо аксар вақт аз ифодаи ҳамдардӣ ба азодорон, ёди неки гузаштагон, таманнои мағфират ба арвоҳи онҳо дида, ба нишастҳои ошхӯрӣ, гапчинию ғайбат, баҳодиҳӣ ба шахсияти соҳибхона, таассубкориву тақлид ва ғайбати ҳамдигар табдил ёфта буданд.

Агар ин ҳолатро аз нуқтаи назари равоншиносии иҷтимоӣ таҳлил намоем, ба ин, пеш аз ҳама, маъракаҳои бодабдаба асос гардидаву сабаби ҷалби нафарони сершумор мешаванд, ки қисме бо хонаводаи соҳибҷашн ва ё мусибатзада робитае надоранд ва ҳатто баъзан аз чӣ гуна маърака будани он низ бехабаранд. Маҳз аз ҷониби чунин шахсон дар чунин ҷамъомади оммавӣ сарфи назар аз имконоти молиявӣ ва ҳолати равонии соҳибхона муҳокимаву баҳодиҳӣ ба сатҳи баргузории маърака сурат мегирад, ки метавонад ҳар як иштирокчии онро зери таъсири механизмҳои психологии «сироятёбии иҷтимоӣ» ва «тақлиди иҷтимоӣ» ба намунагирии рафтори иҷтимоӣ водор намояд. Асоси ин механизмҳои шаклгирии рафторро, аз як ҷониб пайравии кӯр-кӯрона, аз ҷониби дигар, «тарс» аз назари манфии ҷомеа ё «эътироф»-и иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки зери таъсири он шахс рафтори худро на аз рӯйи интихоби оқилона ва манфиатҳои оилавию миллӣ, балки аз нуқтаи назари «дилписандии иҷтимоӣ» баҳогузорӣ менамояд.

Мувофиқи назариёти муосири илмӣ, дар чунин мавридҳо барои ислоҳи рафтори иҷтимоӣ бо шуури мардум кор кардан лозим аст, то баҳодиҳии солим сурат гирад, яъне ана ҳамин баҳодиҳии рафтор ба таври оқилона ба амал ояд. Аммо, бояд дар назар дошт, ки чунин падидаҳо тайи солиёни зиёд ба шакли қолабҳои рафтор даромадаанд ва чун дар мисоли ҷашну маросим ангезаҳои онҳо бо ҳиссиёти амиқи одамон, (аз қабили эътиқоди мазҳабӣ, муносибатҳои оилавӣ ва аздастдиҳии наздикон) алоқамандӣ доранд, тариқи фаҳмондадиҳӣ онҳоро якбора решакан кардан ғайриимкон аст.

Маҳз чунин ҳолат Сарвари давлатро ба андешидани тадбирҳои нисбатан ҷиддӣ дар шакли тақвияти қонунии танзимҳои рафтор водор намуданд, ки дар натиҷа 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи раъйипурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Натиҷаҳои татбиқи ин қонуни миллӣ нишон медиҳанд, ки андешаи худи мардуми мамлакат то ба дараҷаи ислоҳи ин падидаҳо пухта расида буд, вале як омили таҳрикдиҳандае лозим буд, то ба механизмҳои «сироятёбӣ» ва «тақлиди иҷтимоӣ» муқобил истода тавонад. Ба сифати чунин омили ҷиддӣ маҳз қабули қонуни дахлдор баромад карда метавонист. Худи ғояи қонуни мазкур низ аз ниёз ва андешаи мардум сарчашма мегирад, ки исботи ин ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани он дар давраи қабули он аст.

Қонуни мазкур моҳиятан ба ислоҳи падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва манфиати мардум равона гардидааст. Тавсеа ва устуворгардии ғояи қонуни мазкур ва бо чунин ҳадаф татбиқ ёфтани он аз донишу масъулият ва рафтори содиқонаву виҷдонии ҳар фарди миллат, зиёиён, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони мақомоти масъул бастагии ҷиддӣ дорад.

Мақомоти назораткунандаи раванди татбиқи қонуни мазкурро лозим аст, то бо мардум ба он дараҷае наздик бошанд, ки оилаҳои соҳибҷашн ва азодор дар шахсияти онҳо мушовирони хайрхоҳро бинанд ва маъракаи оилавии худро бо маслиҳати онҳо ба тарзе ташкил кунанд, ки на ба «обрӯи» хонавода зараре расад ва на талаботи қонун вайрон гардад.

Набояд бо сабаби вобастагӣ ба расму оини кӯҳнашуда ва зарарнок зиндагии шахсӣ ва оилавии худро бо вуҷуди суботу амнияти мамлакат, имкониятҳои васеи худамалисозӣ ба мушкилоти иҷтимоиву равонӣ мувоҷеҳ сохт. Набояд маблағ ҷамъ намуда, дар як рӯз баҳри «дилписандии иҷтимоӣ» сарфи як ҷашни суннатӣ ва ё маросими азодорӣ карда, банди қарзҳои гарон боз ба муҳоҷират рӯ овард ва фарзандону дигар пайвандони худро аз меҳри падариву фарзандӣ маҳрум сохт.

Замони муосир талаб менамояд, ки зиндагии худро тибқи ҷаҳонбинии илмӣ ба роҳ монем. Бинобар ин имрӯз мардуми мамлакатро зарур аст, то атрофи «дарки вақт», ки дар ойини мо «шинохти вақт фарз аст» ва фарҳанги сарфакорӣ, ки боз ҳам аз асли ойини аҷдодони мо бармеояд ва инчунин атрофи маданияти истифодаи оқилонаи сармоя, ки дар замони иқтисоди бозорӣ аҳамияти махсус касб кардааст, андеша кунанд.

Анъанаҳои неки аҷдодон дар пояи фарҳанги миллат мехобанд, ки ин хусусият дар таҳияи қонун ба эътибор гирифта шудааст.

Аз ин рӯ, ҳар фарди мамлакат бояд дарк намояд, ки он на ба аз байн бурдани анъанаи гузаштагон, балки маҳз ба эҳёи фарҳанги миллӣ равона гардидааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ 12 майи соли 2018 дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат баён доштанд: «Набояд фаромӯш кард, ки дар самти худшиносии миллӣ ва динии мардуми мо мушкилот ҳанӯз хеле зиёданд ва ин норасоиҳоро на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихори зоҳирӣ, балки тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа – аз оила то коргоҳ бартараф карда мешаванд»…

Аз ин рӯ, ҳар сокини мамлакат бояд ин гуфтаҳоро ба асос гирифта, бо дастгирии ин раванди эҳёи фарҳангӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ дар ҳаёти маънавии миллат ҷиҳати риояи қатъӣ ва устувории талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Сентябрь 8, 2020 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон