ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 5, 2020 17:21

ДУШАНБЕ, 05.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 5 сентябр 8757 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат  7549  (86,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 70 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 34 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Сентябрь 5, 2020 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд