ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 21, 2020 17:58

ДУШАНБЕ, 21.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 21 сентябр 9388 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 8152 (86,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 73 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 113 нафар гумонбарон қарор дошта, 44 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд»,- илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Сентябрь 21, 2020 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад
Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро роҳбаладон бо 8 забон шарҳ медиҳанд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ доир карда мешаванд