ХАДАМОТИ АХБОРИ СММ ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД: Президенти Тоҷикистон эълон намуданд, ки дар шаш соли охир ҳарорати миёнаи солона дар мамлакат як дараҷа зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тағирёбии иқлим, оқибатҳои иқтисодии пандемия — ин ва мушкилоти дигар имрӯз дар пешорӯи Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора дар суханронии худ ҳангоми муҳокимаҳои умумии сиёсӣ дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд. Президенти мамлакат гуфтанд, ки Душанбе дар фаъолияти сулҳофаринии СММ фаъолона ширкат менамояд ва аз манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ истифода мекунад, хабар медиҳад Хадамоти ахбори СММ.
Пандемия ва иқтисодиёт
Тоҷикистон ба андозаи қобили мулоҳиза бар асари пандемияи COVID-19 осеб дидааст ва ҳукумат, ба гуфтаи президенти ин давлат, дар ҳамкории зич бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва шарикони дигар чорабиниҳои густурдаро ҷиҳати пешгирии тавсеаи уфунат ва расонидани кумак ба гирифторони беморӣ рӯи даст гирифтааст. Танҳо соли равон хисороти ба иқтисодиёт воридшуда дар ҳаҷми 2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, аммо ин маблағ, ба фикри Президент, эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт.
«Тоҷикистон як мамлакати кӯҳистон аст ва ба баҳрҳо дастрасӣ надорад, мо нафту гази кофӣ надорем», -зикр намуданд Эмомалӣ Раҳмон. — Сад фоизи эҳтиёҷот ба сӯзишворӣ аз ҳисоби воридот пӯшонида мешавад, 80 фоизи амволи боқимонда ва 90 фоизи маҳсулоти дорусозӣ ва хӯрокворӣ низ аз хориҷ ворид мешавад.»
Амният
Дар пасманзари пандемия, давлат бо таҳдидҳои дигар, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддир рӯбарӯ аст. «Террористон ва экстремистҳо хатари калон доранд ва вазъро дар як қатор минтақаҳои мамлакат ноором мекунанд», — иттилоъ дод президент. Ба гуфтаи вай, барои Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ки ба гуфтаи Душанбе, бояд дар ин раванд нақши калидӣ дошта бошад, инчунин бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бениҳоят муҳим аст.
Тоҷикистон амалиёти сулҳофарии СММ-ро дастгирӣ мекунад
Дар навбати худ, Тоҷикистон дар доираи фаъолияти сулҳофарии СММ ба дигар кишварҳо дасти кумак дароз мекунад. Аз ҷумла, кормандони милитсияи Тоҷикистон дар ҳайати контингенти посдори сулҳи СММ дар Дарфури Судони Ҷанубӣ ва дар Абееи Судон хидмат мекунанд.
Тоҷикистон омода аст таҷрибаи худро дар соҳаи мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо табодул намояд. Бо ин мақсад, мамлакат номзадии худро ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои давраи солҳои 2028-2029 пешбарӣ кардааст.
Раванди сулҳ дар Афғонистон
Тӯли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километрро ташкил медиҳад. «Бинобар ин мо ба вазъи ҳарбӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон бодиққат назорат менамоем», — иброз намуданд Президенти Тоҷикистон. Низои Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, бинобар ин Душанбе аз раванди сулҳ, ки дар ин давлат оғоз шудааст, истиқбол мекунад ва талошҳоро барои рафъи буҳрони сиёсӣ дастгирӣ менамояд.
Президенти Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон дар чандин лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба расонидани кумак ба Афғонистон саҳм гирифтааст.
Тағйироти иқлим
Дар тӯли шаш соли охир ҳарорати миёнаи солона дар Тоҷикистон як дараҷа зиёд шудааст. Ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, боиси афзоиши боришот ва ҳодисаҳои ғайримаъмулии зуҳуроти обу ҳаво шудааст. Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва офатҳои табиии вобаста ба об на танҳо боиси талафот ҷонӣ мешаванд, инчунин ҳар сол садҳо миллион доллар хисорот ворид мекунанд.
«Солҳои охир масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим доранд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», — иброз намуданд Сарвари давлат. Аз 13 ҳазор пиряхи кӯҳии Тоҷикистон ҳазортои он аллакай пурра об шудааст. Ин дар ҳолест, ки шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави давлати мо воқеъ мебошад».
Ба гуфти Сарвари давлат, имсол бо сабаби коҳиши бориш оби рӯдхонаҳои кӯҳӣ кам шуд, ки ин мушкилии обёрӣ ва хушксолӣ, инчунин камбуди оби ошомиданиро ба бор овард. «Кишварҳои минтақа аз тағйирёбии гардиши гидрологӣ нигарон ҳастанд», — гуфтанд Президенти мамлакат. — Мо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро даъват мекунем, ки дар ин масъала моро дастгирӣ намоянд».
Кишварҳои минтақа аз тағйирёбии гардиши гидрологӣ нигарон ҳастанд
Дар навбати худ, Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки аз ҳама камтар фазоро ифлос мекунад: 99 фоизи эҳтиёҷотро ба неруи барқ неругоҳҳои барқи обӣ таъмин мекунанд. Президенти Тоҷикистон аз дигар кишварҳо даъват намуданд, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неруро васеъ кунанд ва аз талошҳо барои мубориза бо тағирёбии иқлим пуштибонӣ намоянд. Ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис шавад ва ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон ташаббускор ва муаллифи теъдоди зиёди тарҳҳои вобаста ба об дар СММ мебошад.
ДАР СУРАТ: Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ. Аксҳои UN / Р. Бахорнас