Ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар озмуни «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» соҳиби ҷойи аввал дар бахши назм гардид

Сентябрь 7, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» бо гирифтани 50 хол соҳиби ҷойи аввал  дар бахши назм гардид.

Озмуни «Тоҷикистон – хонаи умеди мо», ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, 5 сентябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ботантана ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, адибон, олимон, ғолибони озмун аз тамоми гӯшаву канорҳои мамлакат иштирок доштанд.

Ба озмун, ки аз 15 июли соли 2019 то 20 августи соли 2020 идома ёфт, дар ду бахш: назм ва публитсистика беш аз 300 матлаб дар қолабҳои мухталифи шеърӣ ва журналистию публитсистӣ ворид гардида, дар ин муддат беш аз 100 шеъри 30 муаллиф ва 70 матлаби олимон, адибон ва публитсистону журналистони шинохтаи мамлакат ба нашр расиданд.

Ҷойи аввалро дар бахши публитсистика Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад бо гирифтани 48 хол соҳиб шуд.

Дар ҳар ду бахш дунафарӣ сазовори ҷойи дуюм ва якнафарӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Шаш нафар  бо ҷоизаҳои махсуси муассисон сарфароз гардиданд, ки дар байни онҳо олими шинохта, ходими давлатию ҷамъиятӣ Кароматулло Олимов, ҳунарманди маъруф Убайдуллои Раҷаб, нависанда Ато Ҳамдам, шоир Назри Яздонӣ ва дигарон ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар ҳарду бахш 9 нафар иштирокчии фаъоли озмун бо ифтихорнома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии муассисон қадр шуданд.

Ин  7-умин озмун аз доираи озмунҳои рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аст, ки аз соли  2016 инҷониб гузаронида мешаванд. Аз ин пеш чунин озмунҳоро нашрияи «Ҷумҳурият» дар ноҳияи Восеъ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва журналисти шинохта Ғоиб Сафарзода, дар ноҳияи Рашт бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум,  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, дар ноҳияи Айнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон  устод Садриддин Айнӣ, дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ, дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Беҳтарин шеъри бачагона» якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда барпо намуда буд.

Ҳамаи ин озмунҳо дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолу пуртаваҷҷуҳи хонандагони «Ҷумҳурият» гузаронида шудаанд.

Сентябрь 7, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд