Институти физикаю техникаи Тоҷикистон бо Институти физикаи ядроии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкории илмӣ ба имзо расонд

Сентябрь 17, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти  физика ва техникаи  ба номи С. Умаров Фарҳод Шокир иттилоъ дод.

Ба иттилои олими тоҷик, Созишнома ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии якҷояро дар самтҳои афзалиятнок барои рушди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла дар самти физикаи ядроӣ, физикаи назариявӣ, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, оптика, электроникаи квантӣ, муаммоҳои физикӣ-техникии энергетика, татбиқи методҳои таҳқиқоти физикӣ дар соҳаи тиб, методҳои ядроӣ-физикии таҳқиқот, физикаи нурҳои кайҳонӣ ва энергияҳои фавқулбаланд, физикаи нимноқилҳо, шаклбандӣ ва сохтори кристаллҳо, спектроскопия, физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо пешбинӣ менамояд.

Созишномаи мазкур дар доираи Конференсияи илмию амалӣ, ки 14-15 сентябр таҳти унвони «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматӣ ва олимони институтҳои тадқиқотии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид, ба имзо расид.

Дар доираи конференсияи мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 – 2040 инчунин вохӯриҳои намояндагони институтҳои физика, математика, химия, геология ва техникаи ҳарду давлат доир карда шуд.

«Дар ҷаҳони муосир, таҳқиқот дар соҳаи илмҳои дақиқ дар самти тезонидани пешрафти илмӣ-техникӣ ва таҷрибаи фаровони баргузории тадқиқоти илмӣ дар институтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мо имконият медиҳад, ки мушкилоти муосири илмиро якҷоя ҳал намоем, сифат ва умқи таҳқиқоти илмиро мунтазам баланд бардорем»,- гуфт директори Институти  физика ва техникаи  ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Шокир.

Сентябрь 17, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд