ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33+35 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 8, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе 33+35 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 8, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад