Ғолибони озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардиданд. Зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе довталабоне, ки дар озмунҳои мазкур сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, дар номинатсияи «Оилаи беҳтарин» оилаи Заррагул Қурбонова, истиқоматкунандаи кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, оилаи Фирӯза Ҳиматова, сокини кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур ба ҷойи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев аз кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдавсӣ ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи аввал ба маҳаллаи «Шоҳмансур-1»-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи «Чортут»-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи «Шафақ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.
Дар номинатсияи «Кӯчаи беҳтарин» ҷойи якум ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақоми дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.
Ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ бо мукофотҳои пулӣ ва «Диплом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт имсол ва соли 2021 ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила, маҳалла ва кӯча озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 марти соли 2020 ба имзо расидааст.
Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони ҳар як озмун — «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дувоздаҳ ҳазор сомонӣ (барои ҷойи якум — 6000, ҷойи дуюм — 4000 ва ҷойи сеюм — 2000 сомонӣ) ҷудо гардидааст.











Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






